Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Акнун бо ғаму андӯҳи худ чӣ тавр зиндагӣ кунам?

Акнун бо ғаму андӯҳи худ чӣ тавр зиндагӣ кунам?

“КӮШИШИ пахш кардани эҳсосотам маро хеле тазйиқ медод”,— нақл мекунад Майк ҳангоми ёдоварии марги падараш. Дар он лаҳзаҳо пинҳон доштани ғаму андӯҳ барои Майк кори мардона метофт,— ҳамон тавре ки дар маданияти онҳо аз мард интизорӣ доранд. Аммо дертар ӯ дарк намуд, ки иштибоҳ мекард. Аз ин рӯ, ҳангоме ки дӯсташ бобои худро ба хок супорид, Майк чӣ кор карданашро медонист. Ӯ чунин гуфт: «Агар ду сол пеш мебуд, ман даст ба тахтапушташ зада, ба дӯстам мегуфтам: “Мард бош!”. Ҳоло бошад, даст ба дасти ӯ гузошта, гуфтамаш: “Эҳсосоти худро пинҳон накун. Бароят осонтар хоҳад буд. Агар хоҳӣ, ки ман биравам ва танҳо бимонӣ, ман меравам. Агар хоҳӣ, ки биистам, ман наздат хоҳам монд. Фақат аз зоҳир кардани эҳсосотат натарс”».

Марэн ҳам ҳангоми марги шавҳараш ҳиссиёти тазйиқу фишоре барои пахш кардани эҳсосоташ дошт. «Ман чунон ҳам дар бобати намуна будан ба дигарон дар ташвиш будам, ки ба худам барои зоҳир кардани эҳсосоти табиӣ иҷозат намедодам,— ёдовар мешавад ӯ.— Вале билохир фаҳмидам, ки кӯшиши ҳамеша такягоҳ будан ба дигарон, ба худи ман зиён мекунад. Ман дар бобати вазъиятам мулоҳиза карда, ба худ гуфтам: “Агар гиря кардан бихоҳӣ, гиря кун. Аз худ як зани қавие вонамуд насоз. Дили худро холӣ намо”».

Ҳамин тавр, ҳам Майк ва ҳам Марен тавсия медиҳанд: “Ғаму андӯҳи худро изҳор созед!”. Ва онҳо ҳаққ ҳастанд. Чаро? Чунки изҳор кардани ғаму андӯҳ барои сабук шу-дани эҳсосот зарур аст. Сабук шудани бори эҳсосот бошад, ба паст гаштани фишоре меорад, ки шуморо тазйиқ медиҳад. Изҳори табии эҳсосот ҷамъан бо доштану фаҳмидани маълумоти дақиқ дар ин мавзӯъ, эҳсосоти шуморо мутаносиб ва ба маҷрои дуруст равона хоҳад кард.

Албатта, на ҳама ғаму андӯҳи худро якхел изҳор месозанд. Ва омилҳои гуногун, аз қабили он ки шахси наздик ногаҳон фавтид, ё баъд аз бемории дурудароз, метавонанд ба тарзи зоҳир шудани эҳсосоти одам таъсир кунанд. Вале як чиз аниқ аст: эҳсосотро фишор дода пинҳон кардан ба саломатии рӯҳиву ҷисмонӣ зарар расонида метавонад. Хеле беҳтар аст, ки дили худро холӣ кунед. Чӣ гуна? Навиштаҳои Муқаддас дорои баъзе маслиҳатҳои амалӣ мебошанд.

Холӣ кардани дил. Чӣ гуна?

Сӯҳбат метавонад бори дилро сабук гардонад. Дар замони гузаштаи дур, Айюби пайғамбар баъд аз марги даҳ фарзанд ва фалокатҳои дигари ба сараш омада, чунин гуфт: «Ҷони ман аз зиндагии ман безор шу-дааст; ба андӯҳи худ дода мешавам; аз талхии ҷони худ сухан меронам» (Айюб 1:2, 18, 19; 10:1). Айюб ғами худро дигар ниҳон дошта наметавонист. Ӯ бояд барои баромадани ғаму андӯҳ аз дил, роҳ медод, яъне «сухан меронд». Андешаи монандро драматурги англис Шекспир дар “Макбет” ном асараш навиштааст: “Ҳарфи ғаму андӯҳ бигӯ, ки дарди хамӯш, Қалби лабрезро пора гардонад”.

Инак, аз сӯҳбат бо дӯсте, ки сабуронаву ҳамдардона ба эҳсосоти шумо гӯш медиҳад, бори ғаму андӯҳи шумо сабуктар мегардад (Масалҳо 17:17). Бо сухан тасвир кардану ба забон овардани эҳсосоти ғаму дард, одатан барои фаҳмишу сарришта кардани онҳо кӯмак мекунад. Ва агар шунавандаи шумо худ низ чунин вазъиятро аз сар гузаронида, ҳоло аз ғами гум кардани шахси наздике ба худ омадааст, метавонед аз таҷрибаи ӯ маслиҳатҳои муфидеро ба инобат гиред. Модари фарзандгумкардае шарҳ дод, ки чӣ тавр гуфтугӯ бо зани дигари чунин фоҷиаро азсаргузаронида барояш кӯмак кард: “Донистани он ки каси дигаре низ ин гуна ғаму андӯҳро паси сар карда, аз ин вазъият солим баромад ва то ҳанӯз ба зиндагии худ идома медиҳаду як низоме дар он дорад, маро хеле қувват бахшид”.

Намунаҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки рӯи коғаз овардани эҳсосотатон метавонад бори ғами шуморо сабук гардонад

Хуб, агар дар хусуси эҳсосоти дошта- атон ҳарф задан бароятон нороҳат бошад–чӣ? Баъд аз марги Шоулу Йӯнотон, Довуд як марсияи пурэҳсосеро эҷод карда, ғаму андӯҳи худро дар он ифшо намуд. Ин марсия билохир як ҷузъи «Китоби дуюми Подшоҳон» дар Навиштаҳои Муқаддас гашт (2 Подшоҳон 1:17–27; 2 Вақоеънома 35:25). Ба мисли ин, барои баъзеҳо бо коғазу қалам изҳор кардани эҳсосоташон осонтар аст. Бевазане нақл кард, ки одатан ӯ ҳиссиёти худро рӯи варақ меовард ва баъд аз чанд рӯз навиштаҳояшро аз нав мехонд. Ва ӯ дарёфт, ки ин кор барояш хеле кӯмак мекунад.

Баён кардани эҳсосот хоҳ тавассути сӯҳбат бошад, хоҳ ба воситаи навиштан, барои аз ғами худ берун омадани шумо кӯмак хоҳад кард. Он ҳамчунин метавонад дар бартараф кардани нофаҳмиҳо ёрӣ диҳад. Модари фарзандгумкардае мегӯяд: “Ману шавҳарам шунидем, ки баъзеҳо баъд аз марги кӯдакашон аз ҳам ҷудо мешаванд ва намехостем, ки бо мо ҳам чунин шавад. Аз ин рӯ, ҳар вақте ки асабонӣ мегаштему хоҳиши гунаҳкор кардани ҳамдигар пайдо мешуд, бо ҳам гуфтӯгӯ карда, ба натиҷае мерасидем. Фикр мекунам, ки ин амал моро ҳақиқатан ба ҳам наздик сохт”. Ҳамин тавр, ҳангоми ба шахси дигар ошкор кардани эҳсосот, бароятон аёнтар мегардад, ки ҳарчанд шумо ҳарду як ғамро аз сар мегузаронед, дарду алами ҳар кас бо тарзу равиши ба худи ӯ хос зоҳир меёбад.

Чизи дигаре, ки сабуккунандаи бори ғам аст,— гиря мебошад. «Барои ҳар чиз замоне ҳаст ва... вақте барои гиристан»,— мегӯяд Китоби Муқаддас (Воиз 3:1, 4). Албатта, марги шахси наздик айнан ҳамон вақт аст. Аз ин бармеояд, ки рехтани ашки ғам як ҷузъи лозимиест дар ҷараёни барқароршавӣ.

Ҷавонзане нақл кард, ки чӣ тавр ҳангоми марги модараш дугонаи наздик ба ӯ барои баромадан аз ғаму андӯҳи ба сарашомада кӯмак кард: “Дугонаам ҳамеша бо ман буд. Ҳамроҳам мегирист. Бо ман сӯҳбат мекард. Ва ман метавонистам эҳсосоти худро ошкоро зоҳир намоям, ки ин чиз бароям хеле муҳим буд. Ман аз гиря кардан хиҷолат намекашидам” (ба Румиён 12:15 нигаред). Шумо ҳам аз гиря кардан хиҷолат накашед. Ҳамон тавре ки дидем, Китоби Муқаддас пур аст аз мисолҳои мардону занони боимон, аз он ҷумла худи Исои Масеҳ, ки ошкоро ашки ғам рехта, аз ин хиҷолат намекашиданд (2 Подшоҳон 1:11, 12; Юҳанно 11:33, 35).

Дар маданияти ҳар халқ аз одамон тасаллӣ гирифтанро қадр мекунанд

Баъзан шояд бубинед, ки эҳсосотатон як чизи пешгӯинашавандаанд. Ашкҳо метавонанд худ ба худ ҷорӣ шаванд. Як бевазане пай бурд, ки ҳангоми харид дар мағоза ашкҳояш равон мешуд, бахусус вақте ки аз рӯи одат даст ба сӯи хӯрокиҳое дароз мекард, ки шавҳараш дӯст медошт. Нисбати худ аз ҳад зиёд сахтгир набошед. Ва фикр накунед, ки шумо бояд худро аз ашкрезӣ боздоред. Дар хотир доред, ки гиря як ҷузъи табиӣ ва лозимаи ҷараёни ғаму андӯҳ аст.

Ғалаба бар эҳсоси гунаҳкорӣ

Ҳамон тавре ки пештар ишора шуд, баъд аз марги шахси наздик дар баъзе одамон эҳсоси гунаҳкорӣ пайдо мешавад. Аз ин ҷост дарду алами шадиди Яъқуби пайғамбар вақте ӯро бовар кунониданд, ки писараш Юсуфро «ҳайвони даррандае» куштааст. Яъқуб Юсуфро худаш барои хабаргирии бародаронаш фиристода буд. Аз ин рӯ, эҳтимоли бузург аст, ки эҳсосоти гунаҳкорӣ аз қабили “Чаро Юсуфро танҳо фиристодам? Чаро ӯро ҷое фиристодам, ки ҳайвонҳои дарранда зиёданд?”, Яъқубро азият медоданд (Ҳастӣ 37:33–35).

Шояд ба назари шумо чунин намояд, ки ягон бепарвоӣ ё хунукназарии шумо сабаби марги шахси наздикатон шуд. Худи донистани он ки эҳсоси гунаҳкорӣ — хоҳ воқеӣ бошад, хоҳ хаёлӣ,— як аксуламалест бар марги шахси наздик, аллакай як тасаллӣ мебошад. Ва боз мегӯем, ки дар худ пахш кардани чунин эҳсосот шарт нест. Баъд аз рӯи забон овардани ин эҳсосот шумо худро хеле сабуктар ҳис хоҳед кард.

Вале ба ҳар ҳол дарк бояд намуд, ки ҳар қадаре ки шахсеро дӯст надорем, мо ҳар қадами ӯро зери назорат гирифта наметавонем ва ҳам барои нигоҳ доштани ӯ аз «вақти номусоид ва тасодуф», ки дар он нохушие бо вай рӯй дода метавонад, қодир нестем (Воиз 9:11, ТДН). Ғайр аз ин, охир ниятҳои шумо бад набуданд. Масалан, агар сари вақт ба духтур муроҷиат накарда бошед, магар ин нишонаи он аст, ки шумо беморӣ ё марги ин шахси наздикро мехостед? Албатта не! Пас, оё ба марги ӯ воқеан шумо гунаҳкоред? — На.

Модаре, ки духтараш дар садамаи автомобилӣ ҳалок гашт, нақл мекунад, ки чӣ тавр бар эҳсоси гунаҳкорӣ ғолиб омад: “Ман худро дар фиристодани ӯ гунаҳкор меҳисобидам. Вале бо гузашти вақт беҳудаву нодуруст будани ин тарзи фикррониро фаҳмидам. Барои иҷрои коре бо падараш фиристодани ӯ, ҳеҷ бадие надошт. Сабаб дар рӯй додани худи фалокат буд”.

Шояд ба худ бигӯед, ки “эй кош ҳангоми зиндагиаш ин ё он корро мекардам” ё “...баъзе суханҳоям ба ӯ ногуфта монданд”. Оре, вале кӣ фахр карда метавонад, ки падар, модар ё фарзанди комил аст? Китоби Муқаддас моро хотиррасон мекунад: «Ҳамаи мо бисёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар сухан пешпо намехӯрад, вай одами комил аст» (Яъқуб 3:2; Румиён 5:12). Аз ин рӯ, ба худ иқрор шавед, ки шумо инсони комил нестед. Дар сари худ чарх занонидани ҳар гуна «агар...»–у «эй кош...»–ҳо чизеро тағйир намедиҳанд, танҳо равиши барқароршавии шуморо суст мекунанд.

Аммо агар дар ҳақиқат сабабҳои воқеие барои гунаҳкор ҳисобидани худ дошта бошед, яъне ба хунукназарие роҳ дода бошед (ин ҷо сухан дар бораи кори қасдан карда намеравад), пас ба омили муҳимтарине мутаваҷҷеҳ шавед — бахшиши Худованд. Китоби Муқаддас моро итминон медиҳад: «Агар Ту, эй Худованд, гуноҳҳоро ба назар гирӣ, кист, эй Худованд, ки истодагӣ карда тавонад? Аммо омурзиш назди Туст» (Забур 129:3,4). Шумо наметавонед, ки гузаштаро баргардонида, чизеро иваз кунед. Вале шумо метавонед аз Худо илтиҷо намоед, ки гуноҳҳои содиркардаатонро бахшад. Баъд чӣ? Хуб, агар худи Худо ваъда диҳад, ки хатоҳои гузаштаатонро мебахшад, магар шумо ҳам набояд худро бахшед? (Масалҳо 28:13; 1 Юҳанно 1:9).

Ғалаба бар эҳсоси хашм

Оё дар худ эҳсосоти хашму норозигие бар духтурону ҳамшираҳои шафқат, дӯстон ва ё ба худи шахси фавтида доред? Ба инобат гиред, ки ин ҳам як аксуламалест, ки одатан ҳангоми марги шахси наздик рӯй медиҳад. Шояд хашм як ҳамроҳи табии дарду алами шумост. Нависандае гуфта: “Танҳо дар сурати хабардор будан аз хашм,— на амал аз рӯи он, балки донистани мавҷудияти он дар худ,— метавонад касро аз таъсири вайронкунандаи хашм нигаҳ дорад”.

Изҳор кардани хашм низ метавонад кӯмак бикунад. Вале ин албатта маънои зоҳир кардани оташи ғазаби боздоштнашавандаро надорад. Китоби Муқаддас гӯшдор медиҳад, ки эҳсоси дурударози хашм, ё «дерғазаб» будан метавонад хатарнок бошад (Масалҳо 14:29, 30, ТФ). Вале агар дар хусуси ин эҳсосоти хашм бо дӯсте, ки мефаҳмад, гуфтугӯ намоед, сӯҳбат метавонад ба шумо тасаллӣ бахшад. Ва баъзеҳо пайхас карданд, ки машқҳои шиддатноки ҷисмонӣ онҳоро ёрӣ медиҳад, ки аз ин эҳсос озод гарданд (ба Эфсӯсиён 4:25, 26 ҳам нигаред).

Гарчанде ки ҳангоми изҳори эҳсосот кушодаву ростқавл будан муҳим аст, эҳтиёткориро дар гуфтор фаромӯш набояд кард. Байни изҳор кардани эҳсосот ва ба сари дигарон рехтани он фарқи калон вуҷуд дорад. Атрофиёнро дар хашму алами худ гунаҳкор набояд кард. Аз ин лиҳоз, эҳсосоти худро оқилона баён кунед, на бо хусумат (Масалҳо 18:21). Акнун биёед дар хусуси кӯмаке сӯҳбат кунем, ки барои баромадан аз ғаму ғусса беҳтарин аст.

Кӯмак аз Худо

Китоби Муқаддас моро итминон медиҳад: «Худованд ба дилшикастагон наздик аст, ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод» (Забур 33:19). Бале, ҳангоми марги шахси наздик робитаи мо бо Худо беҳтарин воситаест барои баромадан аз ғаму андӯҳ. Чаро? Чунки тамоми маслиҳатҳои муфиду амалие, ки дар боло оварда шудаанд, дар Каломи Худо — Китоби Муқаддас асос ёфтаанд. Бакорбарии ин пандҳо бори ғами шуморо сабук мегардонад.

Илова бар ин, тавоноии дуоро нодида нагиред. Китоби Муқаддас моро ташвиқ мекунад: «Бори дилатро ба Худованд парто ва Ӯ ба ту ғамхорӣ хоҳад кард» (Забур 54:23). Агар аз сӯҳбат дар хусуси эҳсосотатон бо дӯсти ғамхоре кӯмак эҳсос намоед, пас то чӣ андоза холӣ кардани дил бар «Худои ҳар тасалло» ба шумо ёрӣ хоҳад дод! (2 Қӯринтиён 1:3).

Ва ин ҷо сухан дар бораи он намеравад, ки фақат худи дуо кардан касро ором мекунад. «Шунавандаи дуоҳо» ваъда медиҳад, ки ба ходимони самимона рӯҳулқудсро дархосткунанда Ӯ онро мебахшад (Забур 64:3; Луқо 11:13). Ва рӯҳулқудси Худо, ё нерӯи фаъоли Вай, метавонад шуморо рӯз ба рӯз бо «бартарии қувват» таъмин созад (2 Қӯринтиён 4:7). Дар хотир бидоред: Худо ба ходимони содиқи худ барои истодагарӣ дар муқобили ҳар мушкилие, ки дучор нагарданд, барои кӯмак қодир аст.

Як зане, ки духтараш фавтидааст, ба ёд меоварад, ки чӣ гуна тавоноии дуо ба ӯву шавҳараш кӯмак расонд: “Агар ними шаб дарди ҳасрат тоқатфарсо мешуд, бо ҳам дуо мегуфтем. Ва ҳар кореро, ки бори аввал бе духтарамон анҷом медодем, — бори аввал ба ҷамъомад рафтем, бори аввал ба анҷуман, — ҳар дафъа мо дар дуо қуввату тавоноӣ мепурсидем. Вақтҳое буд, ки саҳариҳо аз хоб мехестем ва воқеият бароямон тоқатнопазир менамуд, он гоҳ аз Яҳува дар дуо кӯмак дархост мекардем. Намедонам чаро, барои ман ба танҳоӣ вориди хона гаштан як зарбаи рӯҳие буд. Ва аз ин рӯ, ҳар дафъае, ки ба хона танҳо меомадам, ҳатман аз Яҳува кӯмак мепурсидам, ки ба дараҷае ором бимонам”. Ин зани боимон итминон дорад, ва итминонаш боасос аст, ки ин дуоҳо таъсиру асари худро доштанд. Шумо низ метавонед дар ҷавоби дуоҳои босуботи худ дарёбед, ки «осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо... нигоҳ хоҳад дошт» (Филиппиён 4:6, 7; Румиён 12:12).

Кӯмаке, ки Худо медиҳад, дар ҳақиқат таъсирбахш аст. Павлуси ҳавворӣ қайд кард, ки Худо «моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад, то ки мо андӯҳгинонро дар ҳар андӯҳашон тасалло дода тавонем». Бале, кӯмаки Илоҳӣ дардро нест намекунад, вале тоқат кардани онро осонтар мегардонад. Ин маънои онро надорад, ки шумо дигар ба ёди фавтида гиря намекунед, ё ӯро аз хотир мебароред. Вале шумо метавонед барқарор гардед. Ва вақте ки аз ғаму андӯҳи худ мебароед, таҷрибаатон шуморо ёрӣ медиҳад, то ба онҳое ки азизони худро аз даст додаанд, бо ғамхориву фаҳмиши бештар кӯмак бикунед (2 Қӯринтиён 1:4).