Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 13

Имони ҳақиқӣ хушбахтии абадӣ меорад

Имони ҳақиқӣ хушбахтии абадӣ меорад

«ОДИЛ ба василаи имон хоҳад зист»,— гуфта мешавад дар Китоби Муқаддас (Румиён 1:17). Ин суханон ваъдаҳои ҳайратангезеро дар бар мегиранд, ки ба шумо низ дахл доранд. Ба кадом маъно?

Баъд аз он ки Исо–пайғамбар хизматашро дар замин ба охир расонд, ӯ ба осмон ба назди Худо рафт. Вақте ки шогирдонаш ба ӯ менигаристанд «абре Ӯро аз пеши назари онҳо гирифта бурд» (Аъмол 1:9). Дар осмон Худо ӯро чун Подшоҳи осмонии пурқудрат таъин кард. Дар ояндаи наздик Исо «дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст. Ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад» (Матто 25:31, 32). Ин кай ба амал меояд?

Дар Китоби Муқаддас дар бораи айёми нооромии умумиҷаҳоние пешгӯӣ карда шудааст. Ин аломати он аст, ки Масеҳ ба наздикӣ доварӣ кардани халқҳоро сар мекунад. Исо фаҳмонда буд, ки ин аломат чиро дар бар мегирад: «Қавме [халқе] бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард; ва дар ҳар ҷо зилзилаҳои азим ва қаҳтию вабоҳо ва ҳодисоти пурдаҳшат ва аломоти бузург аз осмон ба амал хоҳад омад» (Луқо 21:7, 10, 11).

Проблемаҳои имрӯза нишон медиҳанд, ки Масеҳ ба наздикӣ халқҳоро доварӣ хоҳад кард

Имрӯз мо иҷрошавии суханони Исоро хеле равшан мебинем. Ба наздикӣ Исо барои нест кардани бадӣ меояд. Дар охир ҳатто Шайтон нест карда мешавад! Тамоми замин ба Биҳишт табдил меёбад. Ҳамаи одамон бо якдигар ва ҳатто бо ҳайвонот дар осоиштагӣ зиндагӣ хоҳанд кард. «Гург бо барра зиндагӣ хоҳад кард ва паланг бо бузғола хоҳад хобид; ва гӯсола ва шербача ва парворӣ бо ҳам хоҳанд буд ва кӯдаки хурде онҳоро хоҳад чаронид» (Ишаъё 11:6). «Сокине нахоҳад гуфт: “Ман бемор ҳастам”», «Он гоҳ чашмони кӯрон кушода хоҳад шуд, гӯшҳои карон воз хоҳад шуд» (Ишаъё 33:24; 35:5). Ҳатто мурдагон зинда мешаванд. «Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо пок хоҳад кард» ва «мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд» (Ишаъё 25:8; Ваҳй 21:4). Он вақт он чизе ки Худо нисбати замин ният карда буд иҷро мешавад. Чӣ умеди олиҷанобе!

Имони худро инкишоф диҳед

Худо ба кадом одамон имконият медиҳад, ки дар Биҳишт зиндагӣ кунанд? Ба одамоне ки имони ҳақиқӣ доранд!

Дар хотир доред, ки имони ҳақиқӣ бар дониши дақиқи Каломи Худо асос меёбад. Барои ҳамин дар бораи Худо ва Исо дониш гирифтанро давом диҳед!

Одамони имондор то абад аз Биҳишт баҳра хоҳанд бурд!

Имони ҳақиқиро рафтори одилона дастгирӣ мекунад. Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Имон... бе аъмол мурда аст» (Яъқуб 2:26). Ҳамин тавр, бо амали неки худ шумо хислатҳое, ки ба Худо маъқуланд, ба монанди қувват, адолат, хирад ва муҳаббат зоҳир хоҳед кард. Минбаъд низ саъю кӯшиш кунед, ки ин хислатҳои олиро дар худ инкишоф диҳед!

Инкишоф додани имони ҳақиқӣ ба шумо баракатҳои бепоён хоҳад овард. Ҳақиқатан ҳам, имони ҳақиқӣ чӣ имрӯз ва чӣ дар ояндаи ҷовидона калиди ҳаёти хушбахтона аст!