Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 13

Подшоҳони Исроил ва Яҳудо

Подшоҳони Исроил ва Яҳудо

Исроил тақсим мешавад. Бо гузашти вақт бар Исроил подшоҳони зиёде ҳукмронӣ мекунанд, ки аксарияташон ба Худо бевафо буданд. Бобилиён Ерусалимро харобазор мекунанд

ЧӢ ТАВРЕ ки Яҳува пешгӯӣ кард, баъд аз он ки Сулаймон Худоро тарк намуд, Исроил тақсим шуд. Писар ва вориси Сулаймон, Раҳабъом хеле бераҳм буд. Барои ҳамин даҳ сибти Исроил ошӯб бардошта подшоҳии шимолии Исроилро ташкил доданд. Ду сибти дигар бошад, ба тахти Довуд дар Ерусалим содиқ монданд ва подшоҳии ҷанубии Яҳудоро ташкил карданд.

Вазъият, ҳам дар Исроил ва ҳам дар Яҳудо ноором буд, чунки подшоҳони он ба Худо бевафоиву беитоатӣ карданд. Вазъият дар подшоҳии шимолӣ аз ҷанубӣ дида бадтар буд, чунки подшоҳони он аз аввал ибодати дурӯғро дастгирӣ мекарданд. Нигоҳ накарда ба корҳои бузурги чунин пайғамбарон мисли Илёс ва Элишоъ, ки ҳатто мурдагонро эҳё мекарданд, Исроил корҳои бадашро давом медод. Дар натиҷа Худо роҳ дод, ки Ашшур подшоҳии шимолро забт кунад.

Баъд аз сад сол Худо Яҳудоро низ ҷазо дод. Танҳо баъзе аз подшоҳони яҳудӣ ба огоҳии пайғамбарони Худо гӯш мекарданд ва мекӯшиданд, ки халқро ба назди Яҳува баргардонанд. Масалан, шоҳ Йӯшиёҳу Яҳудоро аз ибодати дурӯғ тоза кард ва маъбади Яҳуваро таъмир намуд. Вақте ки аввалин нусхаи дастнависи китоби Таврот, ки Худо ба Мусо–пайғамбар дода буд, ёфт шуд, Йӯшиёҳу аз шунидани суханони он то дараҷае андӯҳгин шуд, ки бо кӯшиши зиёд ибодати покро аз нав барқарор кард.

Афсӯс, ки ворисони Йӯшиёҳу ба намунаи ӯ пайравӣ намекарданд. Аз ин рӯ, Яҳува иҷозат дод, ки бобилиён Яҳудоро забт кунанд, Ерусалим ва маъбадро харобазор гардонанд. Онҳое ки зинда монданд ба Бобил ба асирӣ бурда шуданд. Худо пешгӯӣ кард, ки асирӣ 70 сол давом меёбад ва то ба ватан баргаштани халқ Яҳудо харобазор мемонад.

Аммо аз хонадони Довуд дигар ҳеҷ кас подшоҳ намешавад, то он даме ки Наҷотдиҳандаи ваъдашуда — Масеҳи пешгӯишуда ба сари ҳокимият наояд. Намунаи бисёр подшоҳоне, ки бар тахти Довуд дар Ерусалим нишаста буданд исбот мекунад, ки одамони нокомил бар дигарон қобилияти ҳукмронӣ карданро надоранд. Инро танҳо Масеҳ сазовор аст. Ба подшоҳи охирин аз хонадони Довуд Яҳува чунин гуфт: «Тоҷат бардошта хоҳад шуд... То вақти омадани он касе ки ҳақ аз они ӯст ва Ман онро ба ӯ хоҳам дод» (Ҳизқиёл 21:26, 27).

Бар 3 Подшоҳон, 4 Подшоҳон, 2 Вақоеънома аз боби 10 то 36, Ирмиё 25:8–11 асос ёфтааст.