Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 14

Чӣ гуна парастиш ба Худо писанд аст?

Чӣ гуна парастиш ба Худо писанд аст?

Чи хеле аз дарси гузашта фаҳмидем, на ҳама динҳо ба Худо маъқуланд. Валекин мо метавонем Офаридгорро тавре парастем, ки ӯ аз мо розӣ бошад. Пас, чӣ гуна «парастиш [ё худ дин]» ба Худо писанд аст? (Яъқуб 1:27, поварақ). Биёед фаҳмем, ки Каломи Худо дар ин бора чӣ мегӯяд.

1. Парастиши мо бояд бар чӣ асос ёбад?

Парастиши мо бояд бар Китоби Муқаддас асос ёбад. Ҳазрати Исо дар дуо ба Худо гуфта буд: «Каломи ту ростист» (Юҳанно 17:17). Вале баъзе динҳо ба ҳақиқати Каломи Худо хунукназарӣ мекунанд. Онҳо таълимот ва урфу одатҳои одамонро аз ҳақиқати Калом авлотар медонанд. Яҳува парастиши онҳоеро, ки амрҳои ӯро зери по мекунанд, қабул намекунад. (Марқус 7:9-ро хонед.) Баръакси ин, касоне, ки мувофиқи таълимоти Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунанд, дили Яҳуваро шод мегардонанд.

2. Мо бояд Яҳуваро чӣ тавр парастем?

Азбаски Яҳува Офаридгор аст, ӯ сазовори вафодории бекаму кост мебошад (Ошкорсозӣ 4:11). Ин маънои онро дорад, ки мо бояд Худоро дӯст дорем ва танҳо ӯро парастем. Мо набояд дар парастиш ягон бут, ҳайкал ё тасвирро истифода барем. (Ишаъё 42:8-ро хонед.)

Ғайр аз ин, парастиши мо бояд «пок ва писандидаи» Яҳува бошад (Румиён 12:1). Барои ин мо бояд аз рӯйи қонунҳои Худо зиндагӣ кунем. Масалан, онҳое, ки Яҳуваро дӯст медоранд, талаботи ӯро дар бораи издивоҷ эҳтиром менамоянд ва мувофиқи он зиндагӣ мекунанд. Инчунин онҳо ба корҳои зараровар даст намезананд, масалан, онҳо нос, тамоку ва нашъа намекашанд ва аз нӯшокиҳои спиртӣ суиистифода намекунанд a.

3. Чаро бояд Яҳуваро якҷоя бо ҳамимонон парастем?

Якҷоя вохӯрда, мо метавонем Яҳуваро дар ҷамоат ситоиш намоем (Забур 111:1, 2). Масалан, мо дар васфи Яҳува суруд хонда, ӯро ҷалол медиҳем. (Забур 104:33-ро хонед.) Яҳува мехоҳад, ки мо ба ҷамъомад равем, зеро моро дӯст медорад ва медонад, ки бо ин роҳ мо соҳиби ҳаёти абадӣ шуда метавонем. Дар чунин вохӯриҳо мо қувват мегирем ва якдигарро рӯҳбаланд мегардонем.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки чаро Яҳува намехоҳад, ки мо дар парастишамон бут, расм ё дигар ашёро истифода барем, ва бо кадом роҳҳо Худоро ситоиш карда метавонем.

4. Дар парастиши Худо бут, расм ё дигар ашёро истифода бурдан нодуруст аст

Мо аз куҷо медонем, ки ин кор ба Худо маъқул нест? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Вақте дар замонҳои қадим баъзе хизматгорони Худо ҳангоми парастиши ӯ бутро истифода мебурданд, чӣ рӯй медод?

Баъзе одамон дар парастиши Худо расм ё дигар ашёро истифода мебаранд, то худро ба ӯ наздиктар ҳис кунанд. Лекин, ба фикратон, ин касро ба Худо наздик мекунад ё баръакс? 2 Мӯсо 20:4–6 ва Забур 106:35, 36-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Аз рӯйи мушоҳидаи шумо, одамон дар парастишашон чӣ гуна расм ё ашёро истифода мебаранд?

  • Яҳува дар бораи ин чӣ фикр дорад?

  • Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

5. Парастиши Яҳува моро аз ақидаҳои дурӯғ озод мекунад

Фаҳмед, ки чӣ тавр Яҳуваро дуруст парастида, мо аз ақидаҳои дурӯғ озод мешавем. ВИДЕОРО тамошо кунед.

Забур 91:14-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Яҳува ба онҳое, ки аз рӯйи муҳаббат танҳо ӯро мепарастанд, чӣ ваъда медиҳад?

6. Мо Яҳуваро дар ҷамъомад мепарастем

Дар вохӯриҳо мо бо сурудхонӣ ва ҷавобҳоямон имони якдигарро қавӣ мегардонем ва Яҳуваро ҷалол медиҳем. Забур 22:22-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Оё шумо дар ҷамъомад ягон бор аз ҷавобҳои дигарон рӯҳбаландӣ гирифтаед?

  • Оё мехоҳед шумо ҳам дар вохӯрӣ ҷавоб диҳед?

7. Вақте чизҳои фаҳмидаамонро ба дигарон нақл мекунем, Яҳува хурсанд мешавад

Мо ҳақиқати Каломро ба дигарон бо роҳҳои гуногун нақл карда метавонем. Забур 9:1 ва 34:1-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Шумо дар бораи кадом ҳақиқати Китоби Муқаддас ба дигарон нақл кардан мехоҳед?

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Худо дили моро мебинад, барои ҳамин фарқ надорад, ки мо ӯро чӣ тавр парастиш мекунем».

  • Шумо чӣ фикр мекунед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Вақте мо танҳо Офаридгорро мепарастем, дар ҷамъомадҳо ӯро ситоиш менамоем ва ба дигарон чизҳои фаҳмидаамонро нақл мекунем, ӯ хурсанд мешавад.

Такрор

  • Аз куҷо фаҳмидан мумкин аст, ки Худоро чӣ хел парастем?

  • Чаро мо бояд танҳо Яҳуваро парастиш кунем?

  • Чаро мо бояд Яҳуваро бо онҳое бипарастем, ки розигии ӯро ба даст овардан мехоҳанд?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Мақолаи «Ман дигар ғуломи бутҳо нестам»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр зане аз банди бутпарастӣ озод шуд.

«Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 июли с. 2011)

Фаҳмед, ки чӣ ба шумо кумак мекунад дар вохӯриҳои ҷамоат ҷавоб диҳед.

«Дар ҷамоат Яҳуваро ҳамд гӯед» («Бурҷи дидбонӣ», январи с. 2019)

Бинед, ки чӣ тавр ҷавоне, ки барояш ба ҷамъомад рафтан осон набуд, аз вохӯриҳо манфиат гирифт.

«Яҳува ғамхори ман буд» (3:07)

Оё ба масеҳиён лозим аст, ки дар парастиши Худо салибро истифода баранд?

«Чаро шумо салибро истифода намебаред?» (Мақола аз сомона)

a Ин мавзуъ дар дарсҳои навбатӣ муфассалтар дида баромада мешавад.