Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хираде, ки роҳнамои ҳаёт ва хушбахтист

Хираде, ки роҳнамои ҳаёт ва хушбахтист

«Дар ҷаҳон ҷангҳо, гушнагӣ, касалиҳо ва муносибати бераҳмона бо кӯдаконро дида зиқ мешавам, лекин умед пайдо кардам, ки вазъият беҳтар мешавад» (РАНИ) *.

Вақте ки Рани дар бораи Сарчашмаи хиради ҳақиқӣ, Парвардигори олам, Худои Тавоно фаҳмид, ӯ хушбахтии ҳақиқиро пайдо кард. Агар мақолаҳои навбатиро хонед, маслиҳатҳои он ба шумо низ ёрдам мекунанд, то...

  • аз хушбахтии оилавӣ хурсандӣ гиред

  • бо дигарон муносибати хубро нигоҳ доред

  • қаноат карданро ёд гиред

  • сабаби азобу маргро фаҳмед

  • дилпур бошед, ки ба наздикӣ аз бадбахтиҳо ному нишоне намемонад

  • Офаридгорамонро шиносед ва дӯсти ӯ гардед

Шумо ҳамчунин мебинед, ки Парвардигори саховатмандамон хирадашро на танҳо ба гурӯҳи хурди одамон медиҳад, балки ба ҳар касе, ки ӯро мекобад.

^ сарх. 2 Дар ин маҷалла номҳо иваз шуданд.