Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДУНЁ НООРОМ АСТ

3 Муносибати худро бо наздиконатон қавӣ нигоҳ доред

3 Муносибати худро бо наздиконатон қавӣ нигоҳ доред

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?

Бо бадтар шудани вазъият дар ин дунёи ноором байни одамон меҳру оқибат намондааст.

  • Одамон аз дӯстонашон худро дур мегиранд.

  • Муносибати зану шавҳарон сард гашта истодааст.

  • Волидон ба ташвишу хавотирии фарзандони худ кам ё тамоман аҳамият намедиҳанд.

Маълумоти муфид

  • Бо дӯстон муносибати наздик доштан ба тансиҳатӣ ва оромию осудагии мо мусоидат мекунад, махсусан дар лаҳзаҳои душвор.

  • Фишори ин дунёи ноором дар оила мушкилиҳоеро ба миён меорад, ки мо интизор набудем.

  • Хабарҳои нохуш аз телевизион ба фарзандонатон таъсири калон мерасонанд.

Чораҳое, ки андешида метавонед

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Дӯст ҳама вақт дӯст медорад, ӯ бародарест, ки барои рӯзи сахт зода шудааст» (Панднома 17:17).

Дар бораи дӯсте фикр кунед, ки ҳама вақт барои кумак тайёр аст ва маслиҳати хуб дода метавонад. Дар асл, донистани он ки касе дар бораи ту ғамхорӣ мекунад, қувват мебахшад, то ба мушкилиҳо тоб орӣ.