Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Исроилиёни қадим дар ҷангҳо иштирок мекарданд. Чаро мо намекунем?

Исроилиёни қадим дар ҷангҳо иштирок мекарданд. Чаро мо намекунем?

«АГАР бар зидди Фаронса ё Бритониё ҷанг накунед, ҳамаатон кушта мешавед!»,— дод зад, афсари фашистон сӯйи як гурӯҳ Шоҳидони Яҳува. Ин воқеа ҳангоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ рӯй дода буд. Ҳарчанд аскарон бо яроқ интизори ҷавоби бародарон буданд, ягон ҳамимонамон ба тарс дода нашуд. Чӣ амали далерона! Ин мисол нағз нишон медиҳад, ки назари Шоҳидони Яҳува ба ҷанг чӣ гуна аст: Мо дар ҷангҳои ин ҷаҳон иштирок намекунем. Ҳатто агар ба ҳаётамон марг таҳдид кунад, дар ҷангҳо ягон ҷонибро тарафдорӣ намекунем.

Вале, на ҳамаи онҳое, ки худро масеҳӣ меҳисобанд бо ин ақида розиянд. Бисёр одамон мегӯянд, ки масеҳиён давлаташонро муҳофизат карда метавонанд ва бояд муҳофизат кунанд. Онҳо шояд гӯянд, ки дар давраҳои қадим исроилиён, ки халқи Худо буданд, дар ҷангҳо иштирок мекарданд, пас, чаро имрӯз масеҳиён ба даст яроқ нагиранд? Шумо ба ин савол чӣ тавр ҷавоб медиҳед? Бояд гуфт, ки вазъияти исроилиёни қадим аз вазъияти халқи имрӯзаи Худо пурра фарқ мекунад. Биёед панҷ фарқашро дида бароем.

1. ХАЛҚИ ХУДО АЗ ЯК МИЛЛАТ ИБОРАТ БУД

Дар гузашта халқи Яҳува аз як миллат иборат буд — аз исроилиён. Худо ба исроилиён гуфт, ки «аз байни ҳамаи халқҳо ганҷи барчидаи» ӯ мешаванд (2 Мӯсо 19:5). Ӯ ба онҳо ҳатто сарзамини муайяне дод. Барои ҳамин, вақте Худо ба исроилиён амр медод, ки бо дигар халқҳо биҷанганд, маълум буд, ки онҳо дар ҷанг зидди ягон ҳамимони худ намебароянд ё онҳоро намекушанд *.

Имрӯз халқи Худо «аз ҳар миллат, қабила, халқ ва забонҳо» мебошад (Ошкор. 7:9). Барои ҳамин, агар онҳо дар ҷанг иштирок кунанд, зидди ҳамимони худ мебароянд ё ҳатто онҳоро кушта метавонанд.

2. ЯҲУВА БА ИСРОИЛИЁН АМР МЕДОД, КИ БИҶАНГАНД

Дар гузашта Яҳува қарор мекард, ки кай ва барои чӣ исроилиён бояд ҷанг мекарданд. Масалан, бо дастури Яҳува исроилиён бояд канъониёнро, ки дар парастиши девон, бадахлоқӣ ва куштори фарзандонашон ном бароварда буданд, несту нобуд мекарданд. Яҳува инчунин ба исроилиён фармуд, ки таъсири бади он халқҳоро аз Замини ваъдашуда бартараф кунанд (3 Мӯсо 18:24, 25). Баъд аз он ки халқи Исроил дар Замини ваъдашуда сокин шуд, Худо иҷозат медод, ки онҳо худро аз душманон муҳофизат кунанд (2 Подш. 5:17–25). Бо вуҷуди ҳамаи ин, Яҳува ҳеҷ гоҳ роҳ намедод, ки исроилиён аз пеши худ бо дигар халқҳо ҷанг кунанд. Вақте ки онҳо аз гапи Яҳува мебаромаданд, бисёр вақт ба сарашон бало меоварданд (4 Мӯсо 14:41–45; 2 Воқ. 35:20–24).

Имрӯз Яҳува ба ягон халқ амр намефармояд, ки дар ҷангҳо иштирок кунанд. Халқҳо барои пеш бурдани мақсадҳои худ ҷанг мекунанд, на мақсадҳои Яҳува. Онҳо барои ба даст овардани замин, молу мулк ё барои пеш бурдани мақсадҳои сиёсиашон мубориза мебаранд. Вале дар бораи онҳое, ки «аз номи Худо барои эътиқодамон ё баҳри куштани душманони Худо меҷангем», мегӯянд, чӣ гуфтан мумкин аст? Яҳува худ душманонашро дар оянда дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн несту нобуд мекунад (Ошкор. 16:14, 16). Дар он ҷанг танҳо лашкари осмонии Худо иштирок мекунад, ягон кас аз миёни хизматгорони заминиаш иштирокчии он намегардад (Ошкор. 19:11–15).

3. ОНҲОЕРО, КИ ИМОН МЕОВАРДАНД, ИСРОИЛИЁН НАМЕКУШТАНД

Оё Худо имрӯз барои ягон миллат, ҳамон тавре ки барои исроилиён зидди Ериҳӯ баромад, ҷанг мекунад?

Дар гузашта исроилиён ба онҳое, ки имон меоварданд, лутфу марҳамат нишон медоданд ва танҳо онҳоеро мекуштанд, ки Худо лоиқи марг мешуморид. Ду мисол меорем: Яҳува ба халқаш амр фармуд, ки шаҳри Ериҳӯро несту нобуд гардонанд. Вале ҷанговарони Исроил Роҳоб ва аҳли хонаводаи ӯро барои имон оварданашон зинда монданд (Юшаъ 2:9–16; 6:16, 17). Баъдтар исроилиён тамоми сокинони шаҳри Ҷибъӯнро, барои он ки Яҳуваро эҳтиром карданд, инчунин ба қатл нарасонданд (Юшаъ 9:3–9, 17–19).

Имрӯз дар ҷангҳо ҳатто имондорон зарар мебинанд. Баъзан дар ҷанги ду миллат одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.

4. ИСРОИЛИЁН БОЯД АЗ РӮЙИ ҚОИДАҲОИ ҶАНГИИ ЯҲУВА АМАЛ МЕКАРДАНД

Дар гузашта Яҳува талаб мекард, ки лашкари Исроил аз рӯйи қоидаҳои муқарраркардаи ӯ амал кунад. Масалан, баъзан Худо ба онҳо амр мефармуд, ки ба рақиби худ «шартҳои сулҳро» пешниҳод кунанд (5 Мӯсо 20:10). Инчунин Яҳува интизор буд, ки сарбозон худ ва ӯрдугоҳро ҷисман ва ахлоқан пок нигоҳ доранд (5 Мӯсо 23:9–14). Ҷанговарони халқҳои дигар баъд аз забт кардани сарзамине занҳои он ҷоро таҷовуз мекарданд, ҳол он ки Яҳува ба халқи худ кардани чунин корҳоро иҷозат намедод. Ҷоиз аст, ки, вақте исроилиён ягон сарзаминро забт мекарданд, сарбозон танҳо баъд аз як моҳ духтарони он ҷоро ба занӣ гирифта метавонистанд (5 Мӯсо 21:10–13).

Имрӯз аксар давлатҳо созишномаҳои байналмилалӣ бастаанд, ки ҳангоми ҷанг аз рӯйи қоидаҳои муайян амал мекунанд. Мақсади ин созишномаҳо ҳимоя кардани шаҳрвандони одӣ мебошад. Вале, афсӯс, аксар вақт қоидаҳои мазкур вайрон карда мешаванд.

5. ЯҲУВА БАРОИ ХАЛҚАШ МЕҶАНГИД

Яҳува ҳангоми ҷанг бо Ериҳӯ Роҳоб ва оилаашро зинда монд. Оё дар ҷангҳои имрӯза низ имондоронро зинда мемонанд?

Дар гузашта Яҳува барои исроилиён меҷангид. Аз ин рӯ аксар вақт онҳо муъҷизавор ғалаба ба даст меоварданд. Ду мавридро мегирем: Ба ёд оред, ки чӣ тавр Яҳува ба исроилиён кумак кард, то шаҳри Ериҳӯро забт кунанд. Аз рӯйи дастури Яҳува вақте онҳо «бо тамоми овоз наъра заданд, девор фурӯ ғалтид» (Юшаъ 6:20). Дар бораи ғалабаи халқи Худо бар амӯриён чӣ гуфтан мумкин аст? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Яҳува «аз осмон бар сари онҳо жолаҳои калон-калон меборонид... Дар натиҷа, онҳое, ки аз жоласангҳо мурданд, назар ба онҳое, ки аз дами шамшери исроилиён мурданд, бештар буданд» (Юшаъ 10:6–11).

Имрӯз Яҳува барои ягон миллат ҷанг намекунад. Подшоҳии ӯ, ки Шоҳаш Исо мебошад «аз ин ҷаҳон нест» (Юҳ. 18:36). Баръакси ин, тамоми ҳокимиятҳои инсонӣ дар таги дасти Шайтон мебошанд. Аз ин рӯ ҷангҳои даҳшатовар дар ин ҷаҳон рӯҳияи бади ӯро инъикос мекунанд (Луқ. 4:5, 6; 1 Юҳ. 5:19).

МАСЕҲИЁНИ ҲАҚИҚӢ СУЛҲҶӮЯНД

Чи хеле фаҳмидем, вазъияти мо аз вазъияти исроилиёни қадим пурра фарқ мекунад. Вале ногуфта намонад, ки мо на танҳо аз сабабҳои мазкур дар ҷангҳо иштирок намекунем. Дигар сабабҳо низ ҳастанд. Масалан, Худо пешгӯйӣ карда буд, ки дар рӯзҳои охир хизматгоронаш «дигар ҷангро таълим намегиранд» ва, албатта, дар он иштирок намекунанд (Иш. 2:2–4). Илова бар ин, Масеҳ низ дар бораи шогирдонаш гуфт, ки онҳо «аз ҷаҳон» намешаванд; дар ҷангҳои халқҳо бошад, ягон тарафро ҷонибдорӣ намекунанд (Юҳ. 15:19).

Исо инчунин шогирдонашро таълим дод, ки аз рафторе, ки сабаби хафагӣ, қаҳру ғазаб ва ҷанг гашта метавонад, дурӣ ҷӯянд (Мат. 5:21, 22). Беш аз ин, Исо ба онҳо дастур дод, ки сулҳҷӯ бошанд ва душманонашонро дӯст доранд (Мат. 5:9, 44).

Дар бораи ҳар яки мо чӣ гуфтан мумкин аст? Албатта, мо дар ягон ҷанг иштирок кардан намехоҳем. Вале оё нисбати ягон бародар ё хоҳар кинаву адоват дорем, ки сабаби ҷанг ё ҷудоӣ гашта метавонад? Барои ҳамин биёед минбаъд низ кӯшиш кунем, ки чунин ҳиссиётро аз диламон решакан гардонем (Яъқ. 4:1, 11).

Хулоса, мо дар ҷангҳо иштирок намекунем, ба ҷойи ин байнамон сулҳу оромӣ ва муҳаббатро инкишоф медиҳем (Юҳ. 13:34, 35). Пас, биёед минбаъд низ бо азми қавӣ бетарафиро нигоҳ дошта рӯзеро интизор бошем, ки Яҳува ҳамаи ҷангҳоро то абад нест хоҳад кард (Заб. 46:9).

^ Баъзан қабилаҳои Исроил бо ҳам меҷангиданд. Чунин ҷангҳои бародаркушӣ ба Яҳува маъқул набуд (3 Подш. 12:24). Вале гоҳе Яҳува ба чунин набардҳо розигӣ медод. Масалан, вақте ягон қабила зидди ӯ мебаромад ё гуноҳи мудҳиш содир мекард (Дов. 20:3–35; 2 Воқ. 13:3–18; 25:14–22; 28:1–8).