Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Дар замонҳои қадим идоракунанда кадом вазифаро иҷро мекард?

ДАР замонҳои пеш «идоракунанда» шахсе буд, ки молу мулк ва хонаводаи каси дигарро нигоҳубин ва назорат мекард.

Вақте Юсуф, писари Яъқуб, дар Миср ғулом буд, ӯ дар хонаи хӯҷаинаш идоракунанда таъйин гардид. Яъне хӯҷаини мисрии ӯ «ҳар он чи дошт, ба дасти Юсуф вогузошт» (Ҳас. 39:2–6). Баъдтар вақте Юсуф худаш ҳокими пурқудрати Миср гашт, ӯ ба хонааш идоракунанда гузошт (Ҳас. 44:4).

Дар рӯзҳои Исо заминдорон одатан дар шаҳрҳо, аз заминҳои корами худ дур, зиндагӣ мекарданд. Онҳо шахсеро таъйин менамуданд, то амали коргаронеро, ки дар заминашон меҳнат мекарданд, ҳар рӯз назорат кунад.

Кадом шахс идоракунанда шуда метавонист? Нависандаи румии асри як Колумелла мегӯяд, ки ғуломе, ки идоракунанда ё нозир таъйин мегашт, «бояд аз ӯҳдаи ҳама кор хуб мебаромад». Ӯ бояд ба дигар ғуломон «бе зӯроварӣ роҳбарӣ мекард ва ҳамзамон набояд нисбати кори онҳо бепарво мебуд». Ӯ ҳамчунин илова кард, ки идоракунанда набояд фикр мекард, ки ҳама чизро медонад, балки ҳамеша барои омӯхтани чизҳои нав тайёр мебуд.

Бо ёрии мисоли идоракунанда Каломи Худо баъзе ӯҳдадориҳоеро, ки масеҳиён дар ҷамъомад доранд, мефаҳмонад. Масалан, Петруси расул гуфт, ки Худо аз рӯйи «лутфу марҳамати» Худ ба ҳар як ходимаш қобилиятҳои муайяне ато мекунад. Аз ин рӯ ӯ масеҳиёнро даъват кард: «Чун идоракунандагони нек ҳар яке мувофиқи атои гирифтаатон ба якдигар хизмат кунед» (1 Пет. 4:10).

Худи Исо низ дар Луқо 16:1–8 оиди идоракунанда мисол овардааст. Ғайр аз ин ҳангоми пешгӯйӣ кардани аломати чун Подшоҳ ҳузур доштани худ Исо пайравонашро боварӣ бахшид, ки ӯ «ғуломи бовариноку боандеша» ё «идоракунандаи боваринок»-ро таъйин мекунад. Вазифаи асосии он дар давоми охирзамон пайравони Масеҳро бо ғизои рӯҳонӣ пайваста таъмин кардан буд (Мат. 24:45–47; Луқ. 12:42). Имрӯз идоракунандаи боваринок ғизои рӯҳониеро, ки имонро қавӣ мегардонад, ба ҳамаи мо — хизматгорони Худо дастрас менамояд, ки мо аз ин беҳад миннатдорем.