Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Хиради ту муборак аст»

«Хиради ту муборак аст»

ИН СУХАНОНРО Довуд гуфта буд, ки дар Исроили қадим мезист. Ӯ инро ба зане гуфт, ки Абиҷайл ном дошт. Чаро Довуд Абиҷайлро таъриф кард ва мо аз мисоли ин зан чӣ ибрат гирифта метавонем?

Довуд ин занро ҳангоми аз дасти Шоул гуреза буданаш вохӯрд. Шавҳари Абиҷайл Нобол ном дошта, марди бою бадавлат буд ва дар кӯҳистони ҷануби Яҳудо рамаҳои калон дошт. Довуду ҳамроҳонаш, ки дар он ҷо паноҳ ёфта буданд, рамаҳову чӯпонони Ноболро муҳофизат мекарданд ва барояшон «мисли ҳисоре буданд». Баъдтар Довуд якчанд ҳамроҳашро ба назди Нобол фиристода, хоҳиш кард, ки аз он хӯрду хӯроке, ки дорад, чизе ба онҳо диҳад (1 Подш. 25:8, 15, 16). Ин хоҳиши Довуд беасос набуд, зеро аз ӯву одамонаш ба Нобол фоидаи бисёр расид.

Вале Нобол мувофиқи номи худ, ки маънояш «беақл» аст, амал кард. Ӯ бо дағалӣ хоҳиши Довудро рад кард ва ӯро паст зад. Довуд ин мардро барои суханони сахт ва бехирадонааш ҷазо доданӣ шуд. Ноболу аҳли хонаводааш барои беақливу сабукфикрии ӯ бояд ҷавоб медоданд (1 Подш. 25:2–13, 21, 22).

Вақте Абиҷайл фаҳмид, ки кори Нобол ба сари онҳо нохушӣ меорад, дарҳол нотарсона амал кард. Ӯ бо ҳурмату эҳтиром аз Довуд илтимос кард, ки ба хотири муносибати бо Яҳува доштааш аз қасд гирифтан даст кашад. Ҳамчунин Абиҷайл ба шоҳи оянда, Довуд, ва одамони вай хӯрдании бисёр овард. Довуд фаҳмид, ки Яҳува ба воситаи ин зан вайро аз гуноҳ боздоштанӣ аст, ва ба ӯ гуфт: «Хиради ту муборак аст, ва худат муборак ҳастӣ, ки имрӯз маро нагузоштӣ, ки хун бирезам» (1 Подш. 25:18, 19, 23–35).

Мо намехоҳем мисли Нобол бошем, ки кори неки дигаронро қадр накард. Ғайр аз ин, вақте мо мебинем, ки ягон чизи баде рӯй дода метавонад, пеши роҳи онро гирифта оқилона амал мекунем. Мо чун забурнавис аз Худо хоҳиш карда метавонем: «Ақли некӯ ва донишро ба ман таълим деҳ» (Заб. 118:66).

Вақте ки мо бохирадона рафтор мекунем, ин шояд аз назари дигарон пӯшида намемонад. Онҳо мумкин моро таъриф кунанд, ё ҳеҷ чиз нагӯянд ҳам, мисли Довуд корҳоямонро қадр карда метавонанд, ки гуфта буд: «Хиради ту муборак аст».