Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Муҳаббате, ки хушбахтии ҳақиқӣ меорад

Муҳаббате, ки хушбахтии ҳақиқӣ меорад

«Хушо қавме ки Худованд Худои ӯст!» (ЗАБ. 143:15).

СУРУДҲО: 28, 25

1. Замони мо аз дигар давраҳои таърих чӣ фарқ дорад?

ЗАМОНЕ, ки мо дар он зиндагӣ карда истодаем, аз дигар давраҳои таърих сахт фарқ мекунад. Чуноне ки дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, ҳоло Яҳува «аз ҳар миллат, қабила, халқ ва забонҳо» «мардуми сершумореро» ҷамъ оварда истодааст. Ин халқи тавоное мебошад, ки шуморааш беш аз ҳашт миллион аст. Онҳо хушбахтанд, ки «шабу рӯз... [ба Худо] хизмат мекунанд» (Ваҳй 7:9, 15; Иш. 60:22). Ҳеҷ гоҳ шумораи онҳое, ки Худову одамонро дӯст медоранд, ин қадар зиёд набуд.

2. Ба одамони аз Худо бегона чӣ гуна муҳаббат хос аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

2 Лекин дар Китоби Муқаддас инчунин пешгӯйӣ шуда буд, ки дар рӯзҳои мо бисёр одамон Худоро неву дигар чизҳоро дӯст хоҳанд дошт. Павлуси расул навишт: «Дар рӯзҳои охир... одамон худбин, пулпараст... хоҳанд шуд, айшу ишратро бештар аз Худо дӯст хоҳанд дошт» (2 Тим. 3:1–4). Ин хислатҳо ва дӯст доштани Худо ягон умумият надоранд. Одамони худбин, пулпараст ва ишратдӯст ягон зарра Худоро дӯст намедоранд. Чунин муҳаббати худхоҳона ба инсон хушбахтӣ намеорад. Баръакс, аз сабаби афзудани чунин муҳаббати худхоҳона муносибати байни одамон торафт бад шуда истодааст.

3. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем ва чаро ин муҳим аст?

3 Павлус медонист, ки зиндагӣ дар байни одамони худхоҳ муносибати моро бо Яҳува зери хатар гузошта метавонад. Барои ҳамин ӯ огоҳ кард, ки «аз чунин касон дурӣ» ҷӯем (2 Тим. 3:5). Лекин аз чунин одамон пурра дар канор будан номумкин аст. Пас, чӣ тавр аз рӯҳияи худхоҳонаи ин ҷаҳон дурӣ ҷӯем ва ба Яҳува — Худои муҳаббат, писанд оем? Биёед дида бароем, ки Худо дар дили мо чӣ гуна муҳаббатро дидан мехоҳад ва он аз муҳаббате, ки дар 2 Тимотиюс 3:2–4 гуфта шудааст, чӣ фарқ дорад. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки дили худро тафтиш кунем ва муҳаббатеро, ки қаноатмандӣ ва хушбахтии ҳақиқӣ меорад, инкишоф диҳем.

ХУДРО ДӮСТ МЕДОРЕМ Ё ХУДОРО?

4. Чаро гуфтан мумкин аст, ки худро то андозае дӯст доштан нодуруст нест?

4 Биёед ҳоло суханони зерини Павлуси расулро муҳокима намоем: «Одамон худбин... хоҳанд шуд». Оё худро дӯст доштан тамоман нодуруст аст? Не, ин чизи бад нест. Худро то андозае дӯст доштан ҳатто зарур аст, зеро Яҳува моро чунин офаридааст. Исо низ гуфта буд: «Дигаронро мисли худат дӯст дор» (Марқ. 12:31). Агар мо худро дӯст надорем, дигаронро ҳам дӯст дошта наметавонем. Дар Навиштаҳо инчунин гуфта шудааст: «Шавҳарон низ бояд занони худро мисли тани худ дӯст доранд. Марде, ки зани худро дӯст медорад, худро дӯст медорад, зеро ҳаргиз касе аз тани худ нафрат намекунад, балки онро мехӯронад ва азиз медорад» (Эфс. 5:28, 29). Пас, худро ба қадри лозима дӯст доштан дуруст аст.

5. Шумо одамони худбинро чӣ тавр тасвир мекардед?

5 Дар 2 Тимотиюс 3:2 дар бораи одамоне гуфта шудааст, ки худро аз ҳад зиёд дӯст медоранд. (Румиён 12:3-ро хонед.) Ҳушу ёди онҳо фақат ба худашон аст. Чунин одамон дар бораи беҳбудии дигарон кам фикр мекунанд. Вақте ки дар ягон кор хатое рӯй медиҳад, онҳо ҳама айбро ба гардани дигарон мепартоянд. Дар яке аз тафсирҳои Китоби Муқаддас одамони худпараст ба хорпушт монанд карда шудаанд. Вақте ки хорпушт ба дарун печида кулӯла мешавад, вай худро гарму нарм ҳис мекунад, вале хорҳояшро ба берун, ба сӯйи дигарон рост мекунад. Ба ин монанд, одамони худбин дар фикри роҳати худ буда, парвои дигаронро надоранд. Ин гуна шахсон хушбахт буда наметавонанд.

6. Онҳое, ки Худоро дӯст медоранд, чӣ гуна хислатҳо зоҳир мекунанд?

6 Ҳангоми номбар кардани хислатҳои манфии одамони охирзамон Павлуси расул дар аввал худбиниро қайд кард. Ба ақидаи баъзе тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас худбинӣ барои он якум номбар шудааст, ки дигар хислатҳои манфӣ аз он сар мезананд. Вале одамоне, ки Худоро дӯст медоранд, хислатҳои тамоман дигар доранд. Онҳо хислатҳои нек, яъне «хурсандӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, некӯӣ, имон, ҳалимӣ ва худдорӣ», зоҳир мекунанд (Ғал. 5:22, 23). Забурнавис шахсонеро, ки Яҳуваро дӯст медоранд, хушбахт меномад. Ӯ мегӯяд: «Хушо қавме ки Худованд Худои ӯст!» (Заб. 143:15). Яҳува Худои хушбахт аст ва халқаш низ ин хислатро зоҳир мекунад. Баръакси одамони худбин, ки танҳо дар бораи фоидаи худ фикр мекунанд, ходимони Яҳува аз кӯмак ба дигарон хурсандӣ мегиранд (Аъм. 20:35).

Чӣ кор кунем, ки худбин нашавем? (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Кадом саволҳо ба мо ёрӣ медиҳанд, ки муҳаббати ба Худо доштаамонро санҷем?

7 Чӣ тавр муайян кунем, ки мо Худоро бештар дӯст медорем ё худро? Дар Филиппиён 2:3, 4 чунин маслиҳат дода шудааст: «Ягон корро аз рӯйи ҷангҷӯйӣ ё шӯҳратпарастӣ накунед, балки бо фурӯтанӣ дигаронро аз худ боло донед ва на танҳо дар бораи фоидаи худ, балки дар бораи фоидаи дигарон низ фикр кунед». Ба худ савол диҳед: «Оё ман ин маслиҳатро ба кор мебарам? Оё аз таҳти дил хости Худоро ба ҷо меорам? Оё имконият меҷӯям, ки дар ҷамъомад ва дар мавъиза ба дигарон кӯмак расонам?» Вақту қуввати худро барои дигарон сарф кардан на ҳама вақт осон аст. Барои ин аз баҳри баъзе хоҳишҳои худ гузаштан лозим меояд. Лекин, агар ин хел кунем, Яҳува аз мо розӣ мешавад ва худамон ҳам хушбахтии ҳақиқӣ ҳис мекунем.

8. Муҳаббат ба Худо баъзе касонро ба чӣ барангехт?

8 Муҳаббат ба Худо баъзеҳоро барангехт, ки аз баҳри кори сердаромад гузашта, ба Худо бештар хизмат кунанд. Мисоли хоҳар Эрикаро дида мебароем, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад. Ӯ духтур аст, лекин ба ҷойи дар соҳаи тиб мартабаи баланд пайдо кардан ӯ пешрави доимӣ шуд ва бо шавҳараш дар якчанд мамлакат хизмат кард. Эрика мегӯяд: «Ҳангоми дар ҷамъомади хориҷизабон хизмат кардан бо мо бисёр воқеаҳои шавқовар рӯй доданд. Инчунин мо дӯстони зиёд пайдо кардем. Ҳамаи ин ҳаёти моро бою пурмазмун кард. Ман то ҳол духтурӣ мекунам, лекин вақту қуввати худро асосан ба он сарф мекунам, ки одамон аз дигар ҷиҳат шифо ёбанд, яъне ба Худо наздик шаванд. Ғайр аз ин, ман мекӯшам, ки бародару хоҳаронро дастгирӣ кунам. Ҳамаи ин ба ман хурсандӣ ва қаноатмандии зиёд мебахшад».

ДАР ОСМОН БОИГАРӢ ҶАМЪ КУНЕМ Ё ДАР ЗАМИН?

9. Чаро пулпарастӣ ба шахс хушбахтӣ намеорад?

9 Павлус инчунин гуфт, ки одамон «пулпараст» мешаванд. Чанд сол пеш як пешрав ба марде дар бораи Худо гап зад. Он мард якчанд пули қоғазиро бароварда, ҳавобаландона гуфт: «Ана ин худои ман!» Аксари одамони ин ҷаҳон рӯирост «ман пулро дӯст медорам» нагӯянд ҳам, аз рафторашон маълум аст, ки пулдӯст ва чизпарастанд. Вале Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад, ки «дӯстдори нуқра аз нуқра сер намешавад, ва касе ки сарвати зиёдро дӯст медорад», аз даромадаш қонеъ намегардад (Воиз 5:10). Ин гуна одамон ҳеҷ вақт аз пул сер намешаванд ва аз пайи ҷамъ кардани он шуда худро гирифтори «азобҳои зиёде» мекунанд (1 Тим. 6:9, 10).

10. Дар Китоби Муқаддас оиди камбағалӣ ва боигарӣ чӣ гуфта шудааст?

10 Бешубҳа, пул ба ҳамаи мо даркор аст ва он баъзе мушкилиҳоямонро ҳал мекунад (Воиз 7:12). Лекин оё шахсе, ки танҳо барои чизҳои зарурӣ пул дорад, хушбахт буда метавонад? Албатта. (Воиз 5:12-ро хонед.) Огур ибни Ёқе навишта буд: «Бенавоӣ ва сарватро ба ман надеҳ, ризқу рӯзӣ ба ман бирасон». Фаҳмидан душвор нест, ки барои чӣ вай қашшоқ будан намехост. Ӯ метарсид, ки аз мӯҳтоҷӣ ба дуздӣ даст зада номи Худоро беҳурмат месозад. Аммо барои чӣ ӯ аз Худо хоҳиш кард, ки вайро сарватманд накунад? Ӯ мефаҳмонад: «Мабодо бисёр сер шуда, Туро инкор кунам ва бигӯям: “Худованд кист?”» (Мас. 30:8, 9). Эҳтимол, шумо дар зиндагӣ одамонеро, ки ба боигариашон такя мекунанд, вохӯрда, ба дуруст будани ин суханон боварӣ ҳосил кардаед.

11. Исо дар бораи боигарӣ чӣ гуфт?

11 Одамони пулпараст ба Худо писанд омада наметавонанд. Исо гуфта буд: «Ҳеҷ кас ғуломи ду хӯҷаин буда наметавонад, чунки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст медорад, ё якеро эҳтиром карда, дигареро хор медорад. Шумо наметавонед ҳам ғуломи Худо ва ҳам ғуломи боигарӣ бошед». Ӯ ҳамчунин гуфт: «Барои худ дар замин боигарӣ ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо онҳоро куя ва занг мезанад ва дуздон даромада, медузданд. Балки дар осмон боигарӣ ҷамъ кунед, чунки дар он ҷо куя ва занг намезанад ва дуздон даромада, намедузданд» (Мат. 6:19, 20, 24).

12. Чаро, вақте ки ҳаётамонро одӣ мекунем, ба Худо хизмат кардан осонтар мешавад? Мисол оред.

12 Бисёр Шоҳидони Яҳува кӯшиш мекунанд, ки ҳаёташонро одӣ кунанд. Дар натиҷа онҳо барои хизмат ба Яҳува вақти зиёдтар пайдо мекунанд ва хурсандии бештар ҳис мекунанд. Бародаре аз ИМА, ки Ҷек ном дорад, барои ҳаёташро одӣ кардан ҳавлии калон ва корхонаашро фурӯхт. Ин ба вай имконият дод, ки бо занаш чун пешрав хизмат кунад. Ӯ мегӯяд: «Бароям хонаи зебо ва заминеро, ки берун аз шаҳр доштам, фурӯхтан осон набуд, лекин оқибат ман ин корро кардам. Чанд соли охир ман аз сабаби душвориҳои зиёди корхона зиқу рӯҳафтода ба хона бармегаштам. Занам бошад, аз пешрави доимӣ шуда хизмат карданаш хеле хурсанд буд. Ӯ мегуфт: “Ман дар дасти Хӯҷаини беҳтарин кор мекунам!” Ҳоло бошад, ман ҳам пешрав ҳастам ва акнун мо ҳар ду ба як Сардор — Яҳува, хизмат мекунем».

Чӣ кор кунем, ки пулпараст нашавем?

(Ба сархати 13 нигаред.)

13. Чӣ тавр муносибати худро ба пул тафтиш карда метавонем?

13 Биёед муайян кунем, ки пул дар ҳаётамон дар кадом ҷой меистад. Аз худ пурсед: «Оё ман ба дуруст будани маслиҳатҳое, ки Китоби Муқаддас оиди пул медиҳад, боварӣ дорам ва мувофиқи онҳо зиндагӣ мекунам? Оё пул кор кардан бароям чизи аз ҳама муҳим аст? Барои ман чӣ муҳимтар аст: чизу чора ё муносибатам бо Яҳува ва одамон? Оё ҳақиқатан боварӣ дорам, ки Яҳува дар бораи ниёзҳоям ғамхорӣ мекунад?» Дилпур бошед, Худо касонеро, ки ба Ӯ такя мекунанд, ҳеҷ гоҳ намепартояд (Мат. 6:33).

ХУДОРО ДӮСТ МЕДОРЕМ Ё ВАҚТХУШИРО?

14. Назари мо ба дилхушию фароғат бояд чӣ гуна бошад?

14 Дар бораи одамони замони мо пешгӯйӣ шуда буд, ки онҳо «айшу ишратро... дӯст хоҳанд дошт». Чи хеле ки дидем, то андозае худро дӯст доштан ва пул кор кардан ягон нодурустӣ надорад. Ба ин монанд, ба қадри муайян вақтхушӣ кардан ҳам гуноҳ нест. Яҳува намехоҳад, ки мо худро аз ҳама хушиҳои зиндагӣ маҳрум созем ва аз корҳое, ки ба мо хурсандӣ меорад, пурра даст кашем. Дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Бирав, нони худро бо хурсандӣ бихӯр ва шароби худро бо дилхушӣ бинӯш» (Воиз 9:7).

15. Мувофиқи 2 Тимотиюс 3:4 аксари одамон ба вақтхушӣ чӣ гуна муносибат мекунанд?

15 Дар 2 Тимотиюс 3:4 гуфта шудааст, ки одамон аз пайи дилхушӣ шуда, дар бораи Худо фикр намекунанд. Дар ин оят гуфта мешавад, ки одамон вақтхуширо «бештар аз Худо дӯст хоҳанд дошт», лекин ин маънои онро надорад, ки онҳо каме бошад ҳам, Худоро дӯст медоранд. Олиме дар ин бора қайд кард: «Дар ин оят онҳое дар назар дошта шудаанд, ки Худоро тамоман дӯст намедоранд». Ин суханон барои онҳое, ки вақтхуширо аз ҳад зиёд дӯст медоранд, огоҳии хеле ҷиддӣ аст. Китоби Муқаддас ин гуна одамонро хеле хуб тасвир карда мегӯяд, ки онҳо ба «кайфу сафои ҳаёти имрӯза дода мешаванд» (Луқ. 8:14).

16, 17. Назари Исо ба вақтхушӣ чӣ гуна буд?

16 Исо ба вақтхушиву истироҳат назари дуруст дошт. Боре ӯ дар «тӯйи арӯсие» иштирок кард ва инчунин ба «зиёфати калоне» рафта буд (Юҳ. 2:1–10; Луқ. 5:29). Дар он тӯйи арӯсӣ ӯ обро ба шароб табдил дод, чунки он кам монда буд. Дар мавриди дигар, вақте баъзеҳо Исоро барои хӯрдану нӯшиданаш танқид карданд, Исо дар ҷавоб фаҳмонд, ки фикру ақидаи онҳо нодуруст аст (Луқ. 7:33–36).

17 Лекин дилхушию дамгирӣ барои Исо чизи асосӣ набуд. Ӯ мехост пеш аз ҳама хости Худоро ба ҷо орад. Инчунин ӯ қувваташро дареғ надошта ба дигарон сарф мекард. Ӯ барои наҷоти дигарон ҳаёташро бо омодагӣ қурбон кард. Исо ба пайравонаш гуфт, ки онҳо низ бояд фидокор бошанд: «Хушбахтед шумо, вақте ба хотири ман одамон шуморо паст мезананд, таъқиб мекунанд ва ноҳақ дар бораатон ҳар гуна суханони бад мегӯянд. Шоду хурсанд бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст. Охир, ҳамчунин пайғамбаронеро, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр таъқиб мекарданд» (Мат. 5:11, 12).

Чӣ кор кунем, ки ишратдӯст нашавем?

(Ба сархати 18 нигаред.)

18. Чӣ тавр фаҳмида метавонем, ки ба вақтхушӣ дода шудаем ё не?

18 Барои фаҳмидани он, ки шумо то чӣ андоза вақтхуширо дӯст медоред, ба худ чунин саволҳо диҳед: «Оё дилхушиву истироҳат бароям аз вохӯриҳову мавъиза муҳимтар аст? Оё ман барои хизмат кардан ба Худо аз баҳри баъзе вақтхушиҳо мегузарам? Оё ҳангоми интихоби вақтхушӣ фикри Яҳуваро ба назар мегирам?» Агар мо Худоро аз таҳти дил дӯст дорем, на фақат аз дилхушиҳое даст мекашем, ки аниқ ба Худо маъқул нестанд. Мо ҳамчунин аз вақтхушиҳое, ки ба назарамон ба Худо маъқул намешаванд, дурӣ меҷӯем. (Матто 22:37, 38-ро хонед.)

ЧӢ ХУШБАХТИИ ҲАҚИҚӢ МЕОРАД?

19. Киҳо хушбахтии ҳақиқиро ба даст оварда наметавонанд?

19 Тахминан 6000 сол аст, ки одамизод зери ҳукмронии Шайтон азобу уқубат мекашад. Дар ин рӯзҳои охир замин пур аз одамони худбин, пулпараст ва ишратдӯст гаштааст. Ин гуна одамон фақат дар бораи фоидаи худ фикр карда хоҳишҳои худро аз ҳама чиз боло мемонанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ хушбахтии ҳақиқиро ба даст оварда наметавонанд. Вале забурнавис мегӯяд, ки кадом одамон ҳақиқатан хушбахт мебошанд: «Хушо касе ки Худои Яъқуб мададгори ӯст, ва умеди ӯ бар Худованд Худои ӯст» (Заб. 145:5).

20. Худоро дӯст дошта, шумо соҳиби кадом баракатҳо мешавед?

20 Муҳаббате, ки мо ба Яҳува дорем, рӯз аз рӯз меафзояд. Сафи ходимони Худо низ ҳар сол зиёд мешавад. Ин далели он аст, ки Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст ва ба наздикӣ ба сокинони замин баракатҳои бешумор меорад. Онҳое, ки хости Худоро ба ҷо меоранд ва розигии Ӯро соҳиб мешаванд, шодиву хурсандии бепоён меёбанд. Муҳаббат ба Яҳува ба онҳо хушбахтии абадӣ меорад! Дар мақолаи навбатӣ мо баъзе хислатҳоеро дида мебароем, ки ба одамони худбин хосанд. Инчунин мебинем, ки ходимони Яҳува бо кадом хислатҳои некашон аз дигарон фарқ мекунанд.