Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чаро зиндагӣ кардан меарзад?

Чаро зиндагӣ кардан меарзад?

Файзал занашро аз даст дод. Ба болои ин, як сол пас, дили ӯро бояд ҷарроҳӣ мекарданд. Ӯ мегӯяд: «Вақте китоби Айюбро мехонам, мефаҳмам, ки Яҳува беҳуда онро дар Каломаш ҷо надодааст. Воқеаҳо аз Китоби Муқаддас, ки ба вазъияти мо монанданд, дарди диламонро сабук мегардонанд. Аз ин воқеаҳо мефаҳмӣ, ки зиндагӣ кардан меарзад».

Тарша ҳанӯз ҷавон буд, ки модараш аз байн рафт. Ӯ мегӯяд: «Ҳарчанд ман як дунё мушкилӣ дорам, шинохтани Офаридгор ҳаёти маро пурмаъно мегардонад, умед ва хурсандӣ мебахшад. Яҳува қудрат дорад, ки дар пастиҳои зиндагӣ ба мо дасти ёрӣ дароз кунад, то истодагӣ кунем».

АЗ МАҚОЛАҲОИ аввал фаҳмидем, ки вазъиятҳои нохуш ҳаёти шахсро тоқатшикан гардонда метавонанд. Агар шумо айни замон рӯзҳои сахтро аз сар гузаронда истода бошед, шояд дар саратон чунин саволҳо пайдо шаванд: «Оё зиндагӣ кардан меарзад? Оё касе парвои маро дорад?» Бовар дошта бошед, ки Худо дарди дилатонро мефаҳмад. Шумо барои ӯ гаронбаҳоед.

Нависандаи боби 86-уми китоби Забур дилпуриашро аз Худо ин тавр ба қалам овард: «Дар рӯзи тангӣ сӯйи ту мехонам, зеро медонам, ки ба ман ҷавоб медиҳӣ» (Забур 86:7). Шумо шояд гӯед: «Чӣ хел Худо ба ман “дар рӯзи тангӣ” ҷавоб медиҳад?»

Худо шояд мушкилиҳои шуморо дарҳол ҳал накунад. Вале Каломаш боварӣ мебахшад, ки ӯ ба шумо оромӣ дода метавонад, то ба мушкилиатон тоб оред: «Ғами чизеро нахӯред, балки ҳама вақт бо дуову илтиҷо ва шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо баён кунед, он гоҳ осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили шуморо... нигаҳбонӣ мекунад» (Филиппиён 4:6, 7). Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр оятҳои зерин моро ба ғамхории Худо дилпур мекунанд.

Худо ба шумо ғамхорӣ мекунад

«Ягонтои [гунҷишкон] аз назари Худо пинҳон нест... шумо аз гунҷишкҳои зиёд пурарзиштаред» (Луқо 12:6, 7).

ЯК ФИКР КУНЕД: Одамон шояд ба парандагони хурдакак аҳамият ҳам надиҳанд, вале Худо дар бораи онҳо ғамхорӣ мекунад. Ягонтои ин гунҷишкакон аз назари Худо дур намемонад; ҳар яки онҳо офаридаи пурқимат аст. Одамон бошанд, барои Худо аз гунҷишкон дида пурарзиштаранд. Инсон — беҳтарин офаридаи Яҳува — ба «сурати» ӯ офарида шудааст ва хислатҳои беҳамтои ӯро инкишоф дода метавонад (1 Мӯсо 1:26, 27).

«Эй Яҳува, ту маро саропо тафтиш кардаӣ ва маро медонӣ... Фикрҳои маро аз дур пай мебарӣ... Маро бисанҷ ва ташвишҳоямро бидон» (Забур 139:1, 2, 23).

ЯК ФИКР КУНЕД: Худо шахсан шуморо мешиносад. Ӯ аз ҳар як ҳиссиётатон бохабар аст. Агар дигарон вазъияти сахти шуморо нафаҳманд, Худо ба шумо ғамхорӣ мекунад ва ба мададатон мерасад. Барои ҳамин зиндагӣ кардан меарзад.

Ҳаёти шумо бемаъно нест

«Эй Яҳува, дуоямро бишнав, бигзор фиғонам ба гӯши ту бирасад... Ба дуоям гӯш андоз, вақте сӯйи ту бихонам, ба зудӣ ҷавобам деҳ... Ӯ ба дуои бечора гӯш хоҳад дод» (Забур 102:1, 2, 17).

ЯК ФИКР КУНЕД: Яҳува ҳар як ашкеро, ки инсон аз рӯзи аввали азобаш рехтааст, ба шумор меорад (Забур 56:8). Ин ба шумо низ дахл дорад. Ӯ ҳар як озмоиш ва қатраи ашкатонро дар хотир дорад, зеро шумо барояш пурарзишед.

«Хавотир нашав, зеро ман Худои туям. Ман туро қувват мебахшам ва ба ту ёрӣ медиҳам... Ман, Яҳува, Худои ту... ба ту мегӯям: “Натарс. Ман ба ту ёрӣ медиҳам”» (Ишаъё 41:10, 13).

ЯК ФИКР КУНЕД: Худо тайёр аст, ки ба шумо кумак кунад. Агар аз по афтед, ӯ дасти ёрӣ дароз мекунад.

Ояндаи пурфайз дар пеш аст

«Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягоназоди худро дод, то ҳар кӣ ба ӯ имон дошта бошад, нобуд нашавад, балки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад» (Юҳанно 3:16).

ЯК ФИКР КУНЕД: Шумо барои Худо чунон азизед, ки ӯ Писараш, Исоро, баҳратон қурбон кард. Ба туфайли ин шумо дар оянда то абад ҳаёти хушбахтона ва пурмаъно дошта метавонед a.

Шояд ҳоло рӯзҳои сахт ба саратон омадаанд ва ҳаётатон ба назар тоқатшикан тобад. Пас, Каломи Худоро нағз омӯзед ва имонатонро ба ояндае, ки Худо ваъда медиҳад, қавӣ гардонед. Ин дилатонро гарм мекунад ва боварӣ мебахшад, ки зиндагӣ кардан меарзад.

a Барои гирифтани маълумоти бештар оиди он ки чӣ тавр аз қурбонии Исо манфиат гирифта метавонед, ба сомонаи www.ps8318.com даромада, видеонавори «Ёдбуди ҳазрати Исо»-ро тамошо кунед. Ба бахши ДАР БОРАИ МО > ШОМИ ЁДБУД нигаред.