Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо ба дигарон новобаста аз синну сол, миллат ва динашон кӯмак мекунед?

Худо касеро, ки ба мӯҳтоҷон кӯмак мекунад, бе мукофот намемонад

Худо касеро, ки ба мӯҳтоҷон кӯмак мекунад, бе мукофот намемонад

Бисёр одамон дар саросари ҷаҳон аз хӯрок танқисӣ мекашанд ва сарпаноҳ надоранд. Баъзеҳо ин чизҳоро дошта бошанд ҳам, нисбати оянда ягон умед надоранд. Худо мехоҳад, то мо ба чунин касон кӯмак кунем. Ва Ӯ ваъда медиҳад, ки некиҳои моро беҷавоб намемонад.

НАВИШТАҲОИ МУҚАДДАС ЧӢ МЕГӮЯНД?

«Касе ки ба бенаво марҳамат кунад, ба Худованд қарз медиҳад, ва Ӯ мукофоти некии варо ба вай адо мекунад» (МАСАЛҲО 19:17).

БА ОДАМИ МӮҲТОҶ ЁРДАМ ДОДАН ЧИРО ДАР БАР МЕГИРАД?

Ҳазрати Исо дар бораи марде масал овард, ки ӯро роҳзанон лату кӯб карда ниммурда партофта рафтанд (Луқо 10:29–37). Мусофири раҳмдиле ин марди маҷрӯҳро дида аз роҳаш бозистод, то ба вай кӯмак кунад. Ҳарчанд вай аз қабилаи дигар буд, кӯмаки худро аз шахси мӯҳтоҷ дареғ надошт.

Ин марди некдил ба одами маҷрӯҳ ёрии таъҷилӣ ва кӯмаки моддӣ расонд ва ҳамин тавр ғамашро сабук кард.

Мо аз ин масал чӣ меомӯзем? Ҳазрати Исо бо ин масалаш гуфтанӣ буд, ки барои кӯмак ба шахси мӯҳтоҷ ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем (Масалҳо 14:31). Худо дар Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки ба қарибӣ Ӯ камбағаливу қашшоқӣ ва ранҷу азобро аз байн мебарад. Вале шояд шумо фаҳмидан хоҳед, ки Худо инро чӣ тавр ва кай мекунад? Дар мақолаи навбатӣ сухан дар бораи он меравад, ки Офаридгори меҳрубон ба шумо чӣ гуна ҳаёти олиҷанобро ваъда додааст.