Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз Худо дилпур хоҳам буд

Аз Худо дилпур хоҳам буд

(Забур 27:13)

Боргирӣ:

  1. 1. Маро шердил кардаӣ,

    Пас, чаро тарсам аз шер?

    Чаро тарсам аз душман?

    Худост дар бари ман.

    Бо ӯ ҷонам гашта далер.

    (Нақарот)

    Бо дилпурӣ паймоям роҳи тангро.

    Бо дилпурӣ назар дӯзам ба пеш.

    Аз бадхоҳ надорам бим,

    Бо чашми худобин

    бинам Яҳуваро пеши худ.

    Ҳастам дилпур.

  2. 2. Роҳи вафо буд роҳи

    вафопешагони пешин.

    Баъзе гаштанд дупора,

    Лек умри дубора

    боз мебахшад Ҷонофарин.

    (Нақарот)

    Бо дилпурӣ паймоям роҳи тангро.

    Бо дилпурӣ назар дӯзам ба пеш.

    Аз бадхоҳ надорам бим,

    Бо чашми худобин

    бинам Яҳуваро пеши худ.

    Ҳастам дилпур.

    (Пайваст)

    Имон дорам, мекӯчонам кӯҳро.

    Бо зӯри он ҳастам пурзӯр.

    Чӣ мешуд ҳолам, агар набудам дилпур,

    Дар пеш гар намедидам нур?

  3. 3. Нури ман Яҳува аст,

    Нури умедворӣ.

    Андаке монда

    то рӯзи Яҳува,

    то дунёи нави осуда.

    (Нақарот)

    Бо дилпурӣ паймоям роҳи тангро.

    Бо дилпурӣ назар дӯзам ба пеш.

    Аз бадхоҳ надорам бим,

    Бо чашми худобин

    бинам Яҳуваро пеши худ.

    Ҳастам дилпур,

    Аз ӯ дилпур.

(Ҳамчунин нигаред ба Ибр. 11:1–40.)