Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бехатарии занон — Назари Китоби Муқаддас

Бехатарии занон — Назари Китоби Муқаддас

 Дар саросари ҷаҳон миллионҳо занон ва духтарон бо зулму ситам дучор мешаванд. Оё шумо дар қатори онҳоед? Ин мақола ба шумо ёрдам мекунад, то ба саволҳои зерин ҷавоб ёбед: «Оё Худо ғами шумо ва бехатариятонро мехӯрад? Ӯ чӣ чора андешидааст, ки ба муносибати бад нисбати занон хотима бахшад?»

 «Дар кӯдакиам бародарам маро азоб дода, ҳар рӯзи Худо бо рафтору гуфтораш паст мезад. Баъди хонадор шуданам бошад, хушдоманам маро озор медод. Барои хусуру хушдоманам ман ранги ғулом будам. Аз ин гуна муносибат ҷонам чунон ба танг омад, ки фикри худкушӣ доштам» (Мадҳу, a Ҳиндустон).

 Мувофиқи ҳисоботи «Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ» «зӯроварӣ нисбати занон дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст». Аз рӯйи ҳисобот қариб ҳар зани сеюм дар ягон лаҳзаи ҳаёташ бо зулму ситам дучор шудааст ва ё ба номуси ӯ дастдарозӣ кардаанд.

 Агар ин чизҳо бо шумо рӯй дода бошанд, пас шояд худро дар бехатарӣ ҳис накунед ва метарсед, ки куҷое наравед бо дашном, зулму ситам ё дастдарозӣ ба номусатон дучор мешавед. Аз пушти зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона нисбати занон, мумкин шумо мисли бисёриҳо фикр кунед, ки «зан дар ҷомеа қадре надорад». Лекин Худо ба занон чӣ гуна муносибат дорад?

Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки бехатарии занон барои Яҳува муҳим аст

Нигоҳи Худо ба занон чӣ гуна аст?

 Ояти Китоби Муқаддас: «Худо... онҳоро марду зан офарид» (1 Мӯсо 1:27).

 Маънидод: Ҳам мард ва ҳам занро Худо офаридааст. Ӯ ҳар дуи онҳоро сазовори ҳурмату эҳтиром меҳисобад. Ғайр аз ин, Худо аз шавҳар интизор аст, ки «зани худро мисли худ дӯст» дорад ва бар занаш ҳукмфармоӣ карда, дағалӣ накунад (Эфсӯсиён 5:33; Қӯлассиён 3:19). Равшан аст, ки бехатарии занон барои Худо муҳим аст.

 «Вақте хурд будам, як хешамон ба номусам дастдарозӣ кард. Дар 17 солагиям раисам метарсонд, ки агар бо ӯ хуфтухоб накунам, маро аз кор пеш мекунад. Вақте калон шудам, шавҳар, волидон ва ҳамсояҳоям маро паст мезаданд. Лекин хушбахтона ман бо Офаридгор Яҳува b шинос шудам ва фаҳмидам, ки ӯ занонро ҳурмату эҳтиром мекунад. Ин фикр маро дилпур кард, ки Худо маро дӯст медорад ва ман дар назари ӯ пурарзиш ҳастам» (Мария, Аргентина).

Чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки саломатии рӯҳиятонро барқарор созед?

 Ояти Китоби Муқаддас: «Дӯсте ҳаст, ки аз бародар сахттар мечаспад» (Панднома 18:24).

 Маънидод: Дӯсти ҷонӣ шуморо дастгирӣ мекунад. Агар имкон бошад, ба каси боваринокатон ҳиссиётатонро гӯед.

 «Ман тӯли 20 сол ба ягон кас дар бораи таҷовуз шуданам, даҳон накушодам. Дар натиҷа ман бадбахт, тарсончак ва афсурдаҳол ба воя расидам. Аммо вақте диламро ба касе, ки ба гӯш карданам тайёр буд, холӣ кардам, беҳад сабук шудам» (Элиф, Туркия).

 Ояти Китоби Муқаддас: «Ҳамаи ғамҳои худро ба Худо партоед, зеро ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7).

 Маънидод: Вақте ба Худо дуо мегӯед, ӯ шуморо мешунавад (Забур 55:22; 65:2). Ӯ ғамхор аст ва мехоҳад, то шумо фаҳмед, ки дар назараш гаронқадред.

 «Шиносоӣ бо Яҳува захмҳои чуқуреро, ки ба ман расонида шуд, шифо дод. Ҳозир ман ба воситаи дуо ба Худо такя карда метавонам. Ӯ мисли дӯсте мебошад, ки дар ҳақиқат ҳиссиёти маро мефаҳмад» (Ана, Белиз).

Оё Худо ба озори занон хотима мебахшад?

 Ояти Китоби Муқаддас: «Яҳува... ту ба доди ятиму ситамкаш мерасӣ, то онҳо дигар аз инсони хокӣ натарсанд» (Забур 10:17, 18).

 Маънидод: Ба наздикӣ Худо ба тамоми беадолатӣ, аз ҷумла ба бераҳмӣ ва зӯроварӣ нисбати занон, хотима мебахшад.

 «Вақте фаҳмидам, ки Яҳува ба бераҳмӣ нисбати занону духтарон хотима мебахшад, ин бароям ранги доруи оромкунанда буд. Ин ба дили ман оромӣ бахшид» (Роберто, Мексика).

 Китоби Муқаддас ба мо чӣ умед мебахшад? Чаро ба ваъдаҳои он бовар кардан мумкин аст? Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува имрӯз ба воситаи Китоби Муқаддас одамонро дастгирӣ мекунанд? Агар дар ин бора маълумоти бештар гирифтан хоҳед, дархост кунед, ки бо шумо тамос гиранд.

 Ин мақоларо барои чоп боргирӣ кунед.

a Номҳо иваз шудаанд.

b Яҳува ин номи Худо мебошад (Забур 83:18). Ба мақолаи «Яҳува кист?» нигаред.