Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Manuel Reino Berengui/DeFodi Images via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Оё чемпионати ҷаҳон оид ба футбол одамонро муттаҳид сохта метавонад? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Оё чемпионати ҷаҳон оид ба футбол одамонро муттаҳид сохта метавонад? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Аз 20 ноябр то 18-уми декабри соли 2022 чемпионати ҷаҳонӣ оид ба футбол гузашта истодааст. Онро тақрибан 5 миллиард тамошобинон дар саросари дунё тамошо мекунанд. Бисёриҳо ақида доранд, ки чунин чорабиниҳо фақат дӯстдорони варзишро аз давлатҳои гуногун муттаҳид намесозад, бо ёрии онҳо бисёр чизро ба даст овардан мумкин аст.

  •   «Варзиш дунёро тағйир дода метавонад. Он қудрат дорад, ки ба кас илҳом бахшад. Он қудрат дорад одамонро тавре муттаҳид созад, ки на ҳама чиз ин хел карда наметавонад» (Нелсон Мандела, собиқ президенти Африқои Ҷанубӣ).

  •   «Футбол... одамони гуногунро муттаҳид месозад. Онҳоро ба умед, хурсандӣ, завқу ҳавас ва ба муҳаббат муттаҳид месозад» (Ҷанни Инфантино, президенти ФИФА a).

 Лекин оё ба туфайли чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ сулҳу ягонагиро ба даст овардан мумкин аст?

Оё варзиш муттаҳид месозад?

 Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол имсол одамонро водор кард, ки на фақат дар бораи футбол фикр кунанд. Он сабаб шуд, ки мардум дар бораи душвориҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ баҳс кунанд ва диққати асосӣ ба саволҳое равона карда шуд, ки ба ҳуқуқи инсон, миллатпарастӣ ва нобаробарии иқтисодӣ дахл доранд.

 Ба ҳар ҳол барои бисёр одамон чунин мусобиқаҳои калони умумиҷаҳонӣ чорабиние мебошад, ки дер боз интизораш буданд ва онро бо як шавқу завқ тамошо мекунанд. Аммо чунин чорабиниҳо дар асл одамонро муттаҳид сохта наметавонанд. Одатан дар он амалу хислатҳои баде нишон дода мешавад, ки мувофиқи Китоби Муқаддас онҳо ба одамони «рӯзҳои охир» хосанд (2 Тимотиюс 3:1–5).

Ягонагиро ба даст овардан мумкин аст

 Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки ба наздикӣ ҳамаи одамон дар замин дар сулҳу ягонагӣ зиндагӣ мекунанд ва ин ба туфайли «Подшоҳии Худо, ки аз осмон ҳукмронӣ мекунад» имконпазир мегардад (Луқо 4:43; Матто 6:10).

 Шоҳи ин Подшоҳӣ, Исои Масеҳ, дар тамоми сайёраи мо сулҳро барпо мекунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст:

  •   «Дар рӯзҳои ӯ росткор нашъунамо меёбад ва... осоиштагӣ фаровон мешавад» (Забур 72:7).

  •   «Ӯ бечораеро, ки нола мекунад... халосӣ хоҳад дод. Онҳоро аз зулму ситам халос хоҳад кард» (Забур 72:12, 14).

 Таълимоти Исо аллакай одамони гуногунро аз 239 давлат ба ҳам муттаҳид сохт. Бо ёрии ин таълимот онҳо тавонистанд аз дили худ решаи нафратро нисбат ба касоне, ки аз онҳо фарқ доранд, баркананд. Дар ин бора аз силсилаи мақолаҳои «Занҷири нафратро барканед!» бештар фаҳмидан мумкин аст.

a Федератсияи байналмилалии футбол (Fédération Internationale de Football Association, мухтасар FIFA).