Гузаштан ба маводи асосӣ

КӮМАК БА ОИЛАҲО

Чӣ тавр хашму ғазабро идора кардан мумкин аст

Чӣ тавр хашму ғазабро идора кардан мумкин аст

 Вақте ҳамсаратон бо ягон гап ё амалаш шуморо ба ғазаб меорад, шумо ҳаракат мекунед, ки худро ба даст гиред. Ӯ пай мебарад, ки шумо чун пештара бо ӯ муносибат накарда истодаед ва саволҳо додан мегирад. Ин бошад, вазъиятро бадтар мекунад. Пас, дар ин ҳолат чӣ тавр худро ба даст гирифта метавонед?

 Шумо бояд чиро донед

  •   Ғазабро идора накардан ба саломатӣ зарар меорад. Мувофиқи баъзе тадқиқотҳо идора накардани ғазаб фишори хунро баланд карда, метавонад ба бемориҳои дил, депрессия ва ҳазм накардани хӯрок оварда расонад. Ғайр аз ин, он сабаби бехобӣ, хавотирӣ, бемориҳои пӯст ва сактаи дил гардад. Беҳуда дар Китоби муқаддас гуфта нашудааст: «Аз хашм даст бикаш... ки он фақат зиён меорад» (Забур 37:8, эзоҳ, Тарҷумаи дунёи нав).

  •   Ғазабро дар дил гирифта гаштан низ зарар дорад. Хашму ғазабро идора накардан ба касалие монанд буда метавонад, ки одамро дарунакӣ тамом мекунад. Масалан, шумо ба ҳама чиз бо шубҳа нигариста, нуқтаи назари айбҷӯёнаро дар худ инкишоф медиҳед. Як умр бо чунин шахс зиндагӣ кардан душвор аст, ва ин рӯҳия ба издивоҷатон зарари ҷиддӣ расонда метавонад.

 Шумо чӣ кор карда метавонед

  •   Ба хислатҳои хуби ҳамсаратон диққат диҳед. Се хислати ҳамсафари ҳаётатонро, ки қадр мекунед, нависед. Вақте ки ягон амали ӯ шуморо асабонӣ мекунад, ин хислатҳоро ба хотир оред. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки худро ба даст гиред.

     Принсипи Китоби Муқаддас: «Миннатдор будани худро нишон диҳед» (Қӯлассиён 3:15).

  •   Бо омодагӣ бахшед. Дар аввал ба вазъият аз нуқтаи назари ҳамсаратон нигаред. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки ҳиссиёти ҳамсаратонро фаҳмед ё чи хеле ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, «ҳамдард» бошед (1 Петрус 3:8). Сипас аз худ пурсед: «Оё ин вазъият кироӣ ба ғазаб омадану набахшидан мебошад?»

     Принсипи Китоби Муқаддас:«Аз хато чашм пӯшидан касро зеб медиҳад» (Масалҳо 19:11, Тарҷумаи дунёи нав).

  •   Ҳиссиётатонро меҳрубонона ва бо мулоимӣ фаҳмонед. Дар ин вақт ҷонишини «ман»-ро истифода баред. Масалан, ба ҷойи «Шумо ин қадар бепарво. Занг зада дар куҷо буданатонро гӯед намешавад» гуфтан, «Рӯз бевақт шуд ва ман хавотир шудам, ки бо шумо ягон чӣ рӯй надода бошад» гӯед. Агар шумо ҳиссиётатонро бо мулоимӣ фаҳмонед, ин ба шумо ёрдам мекунад, ки хашму ғазабатонро идора кунед.

     Принсипи Китоби Муқаддас: «Бигзор суханони шумо ҳамеша форам... бошанд» (Қӯлассиён 4:6).

  •   Боэҳтиромона гӯш кунед. Баъди баён кардани ҳиссиётатон гапи ҳамсаратонро набурида бодиққат гӯш кунед. Вақте ки ӯ гапашро тамом кард, барои боварӣ ҳосил кардан, ки гапашро дуруст фаҳмидед ё не, чизи фаҳмидаатонро бо гапҳои худатон гӯед. Барои идора кардани ғазаб бодиққат гӯш кардан хеле муҳим аст.

     Принсипи Китоби Муқаддас: «Ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан... оҳиста бошад» (Яъқуб 1:19).