Гузаштан ба маводи асосӣ

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД

«Ҷинояткорию пулпарастӣ ҳаётамро талх мекард»

«Ҷинояткорию пулпарастӣ ҳаётамро талх мекард»
  • Соли таваллуд: 1974

  • Ҷойи таваллуд: Албания

  • Дар гузашта: Дузд, нашъафурӯш, маҳбус

ҲАЁТИ ПЕШТАРААМ

Ман дар пойтахти Албания, Тирана, дар оилаи камбағал таваллуд шудам. Падарам марди боинсоф буд ва барои моро таъмин кардан соатҳои дароз кор мекард, лекин рӯзамон бо як азоб мегузашт. Дар хурдсолӣ шароити вазнинамонро дида хеле зиқ мешудам. Ман бисёр вақт пойафзол надоштам ва аз хӯрок танқисӣ мекашидам.

Барои ҳамин аз айёми наврасӣ ба дуздӣ даст задам. Фикр мекардам, ки бо ин корам оилаамро дастгирӣ мекунам. Соли 1988 вақте 14 сола будам, падарам барои ислоҳ шуданам маро ба мактаби махсус фиристод. Ду соли умрам дар он ҷо гузашт ва ман касби кафшергариро (сварщик) ёд гирифтам. Баъди мактаб хостам ҳаёти боинсофона ба сар бурда бо меҳнати ҳалол нон ёбам, лекин кор ёфта натавонистам. Аз сабаби вазъи сиёсӣ дар Албания бисёр одамон кор ёфта наметавонистанд. Аз ин рӯ ман рӯҳафтода шуда, бо дӯстони пештараам рафтуомадро сар кардам. Хуллас, ману дӯстонамро дастгир намуда, ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Баъди аз маҳбас озод шудан дуздӣ карданро давом додам. Аз сабаби паст рафтани иқтисодиёти Албания дар он ҷо бесарусомониҳо сар заданд. Дар он вақти ноором ман бо роҳҳои ғайриқонунӣ бисёр пул кор кардам. Боре вақте ба даст яроқ гирифта дуздӣ мекардем, полис ду рафиқи маро дастгир кард. Агар маро ин дафъа дастгир мекарданд, ба муҳлати дуру дароз ҳабс менамуданд. Барои ҳамин ман аз шаҳр гурехтам. Он вақт аллакай бо занам Юлинда оиладор будам ва писарчаамон чор-панҷмоҳа буд.

Акнун мо дар Англия зиндагӣ мекардем. Ман ният доштам, ки бо зану фарзандам дар ин ҷо ҳаёти навро сар кунам, лекин аз одатҳои куҳна даст кашидан осон набуд. Аз ин рӯ дере нагузашта боз ба ҷиноят даст задам. Ин дафъа ба нашъафурӯшӣ машғул шудам ва аз таги дастам пулҳои калон мегузашт.

Занам нисбати ин корам чӣ фикр дошт? Ҳозир худаш нақл мекунад: «Дар Албания калон шуда, орзу доштам, ки камбағалӣ нест шавад. Ман мехостам бо ягон роҳ ҳаётамро беҳтар кунам. Фикр мекардам, ки пул ҳама душвориҳоро ҳал мекунад. Барои ҳамин шавҳарамро дар ҳама корҳояш дастгирӣ мекардам. Масалан, барои пул шуда ман ба дуздӣ, дурӯғгӯйӣ ва нашъафурӯшии вай чашм мепӯшидам».

«Барои пул шуда ман ба дуздӣ, дурӯғгӯйӣ ва нашъафурӯшии шавҳарам чашм мепӯшидам» (Юлинда).

Баъдтар соли 2002 ҳаёти мо ба куллӣ тағйир ёфт ва дар як мижа задан умеду орзуҳоямон барбод рафт. Маро бо нашъаи бисёр дастгир намуда, ҳабс карданд.

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТАМРО ДИГАРГУН КАРД

Пеш аз они ки хондани Китоби Муқаддасро сар кунам, он аллакай ба ҳаётам таъсир расонд. Соли 2000-ум Юлинда бо Шоҳидони Яҳува шинос шуда, бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Дар бораи Китоби Муқаддас гап задан бароям шавқовар набуд, зеро фикр мекардам, ки он дилгиркунанда аст. Юлинда бошад, Китоби Муқаддасро нағз медид. Ӯ мегӯяд: «Падару модарам одамони худотарс буданд. Онҳо дар дилам нисбати Китоби Муқаддас муҳаббату эҳтиромро ҷо карданд. Ман ҳамеша фаҳмидан мехостам, ки Китоби Муқаддас чиро таълим медиҳад ва онро бо Шоҳидони Яҳува омӯхтан ба ман хурсандӣ меовард. Чизҳои фаҳмидаам ба ман таъсири зиёд расонда барои тағйир додани ҳаётам кумак мекарданд. Лекин то дастгир кардани шавҳарам ман фикр мекардам, ки хушбахтии инсон аз пул вобаста аст. Баъд аз ин воқеа фикрам тамоман дигар шуд. Он вақт ман дарк кардам, ки чизе, ки Китоби Муқаддас дар бораи пул мегӯяд, ҳақ асту рост. Мо барои бой шуданамон ҳама корро кардем, лекин ин моро хушбахт накард. Ман фаҳмидам, ки бояд пурра аз рӯйи гуфтаҳои Худо зиндагӣ кунам».

Соли 2004 маро аз маҳбас озод карданд. Ман мехостам боз ба нашъафурӯшӣ баргардам, лекин фикри Юлинда дар бораи ин корам дигар шуда буд ва суханони ӯ ҳушамро ба худам овард. Ӯ чунин гуфт: «Ба ман дигар пули ту даркор нест. Ман мехоҳам шавҳарамро баргардонам ва падари фарзандонам доим дар бараш бошад». Ин суханон маро ба ҳайрат оварданд, вале ӯ ҳаққи гапро мегуфт, ман дар ҳақиқат солҳои зиёд аз оилаам ҷудо будам. Ғайр аз ин, азобҳое, ки дар натиҷаи ба даст овардани пули ҳаром кашидам, ба ёдам омад. Барои ҳамин қарор кардам, ки дигар ба ин кор даст намезанам ва бо дӯстони пештараам рафтуомад намекунам.

Ҳамроҳи зану ду фарзандам ба вохӯрии Шоҳидони Яҳува рафта, он ҷо одамони меҳрубону самимиро дидам ва ин ба ман таъсири зиёд расонд. Баъдтар ман омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам.

Пештар ман фикр мекардам, ки, агар пули бисёр дошта бошем, хушбахт мешавем

Ман аз Китоби Муқаддас фаҳмидам, ки «пулпарастӣ решаи ҳама гуна бадиҳост. Баъзеҳо ба пул дил баста, худро ба азобҳои зиёд гирифтор карданд» (1 Тимотиюс 6:9, 10). Ҳақ будани ин оятро аз таҷрибаи худам фаҳмидам. Ман сахт пушаймон будам, ки ба корҳои бад даст зада, худам ва оилаамро бисёр азоб додам (Ғалотиён 6:7). Вақте фаҳмидам, ки Яҳува ва писараш Исои Масеҳ моро дӯст медоранд, одами дигар шудам. Акнун ман на дар бораи худам, балки дар бораи дигарон бисёртар фикр мекунам ва бо оилаам бештар вақт мегузаронам.

БАРАКАТҲОЕ, КИ СОҲИБ ШУДАМ

Маслиҳати зерини Китоби Муқаддасро ба кор бурда манфиат гирифтам: «Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед ва бо он чӣ доред, қаноат кунед» (Ибриён 13:5). Акнун дилам ором аст ва виҷдони пок дорам. Ин ба ман хурсандие меорад, ки пеш аз ин ҳеҷ гоҳ ҳис накарда будам. Ҳоло пайванди издивоҷам мустаҳкамтар ва муносибатам бо зану фарзандонам наздиктар аст.

Пештар ман фикр мекардам, ки, агар пули бисёр дошта бошем, хушбахт мешавем. Ҳозир аниқу равшан мефаҳмам, ки чӣ тавр ҷиноят ва пулпарастӣ ба сарам балоҳои бисёр овард. Мо бой нестем, лекин ман ҳис мекунам, ки дар ҳаёт чизи аз ҳама муҳим, дӯстӣ бо Яҳува Худоро, ёфтем. Ҳамроҳи оилаам якҷоя Худоро ибодат кардан моро дар ҳақиқат хушбахт мегардонад.

Ҳамроҳи оилаам дар анҷумани Шоҳидони Яҳува