Гузаштан ба маводи асосӣ

Ҷамъомади Шоҳидони Яҳува чӣ гуна фаъолият мекунад?

Ҷамъомади Шоҳидони Яҳува чӣ гуна фаъолият мекунад?

Ҳар як ҷамъомадро мардон (ҳайати пирон) назорат мекунанд. Тақрибан 20 ҷамъомад як минтақаро ташкил медиҳад. Вақт аз вақт ҷамъомадҳоро пирони сайёр, ки онҳоро нозирони ноҳиявӣ меноманд, хабар мегиранд.

Ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳуваро Ҳайати роҳбарикунанда аз рӯи принсипҳои Китоби Муқаддас таълим дода роҳбарӣ мекунад. Аъзоёни Ҳайати роҳбарикунанда шахсоне мебошанд, ки муддати тӯлонӣ Шоҳиди Яҳува ҳастанд ва айни замон дар идораи марказӣ дар Бруклин, Ню-Йорк хизмат мекунанд (Аъмол 15:23–29; 1 Тимотиюс 3:1–7).