Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

3 | Аз хизматгорони Худо ибрат гиред

3 | Аз хизматгорони Худо ибрат гиред

ДАР КИТОБИ МУҚАДДАС ДАР БОРАИ... мардону занони ба Худо содиқе гуфта шудааст, ки «мисли мо ҳиссиёт» доштанд (ЯЪҚУБ 5:17, поварақ).

Ин чӣ маъно дорад?

Дар Китоби Муқаддас мисоли бисёр занону мардоне навишта шудааст, ки бо ҳар гуна ҳиссиёти манфӣ мубориза мебурданд. Саргузашти онҳоро хонда, мо, шояд, қаҳрамонеро ёбем, ки ҳиссиёташ ба мо монанд аст.

Чӣ ёрдам мекунад?

Ҳамаи мо мехоҳем, ки дигарон ҳиссиётамонро фаҳманд, хусусан вақте бо бемории равонӣ мубориза мебарем. Вақте Китоби Муқаддасро мехонем, бо нафароне шинос мешавем, ки фикру ҳиссиёташон ба мо монанд аст. Он гоҳ мефаҳмем, ки дигарон низ мисли мо азоб кашидаанд. Ин чиз ба мо ёрдам мекунад, ки ҳангоми бо ҳиссиёти манфӣ мубориза бурдан худро танҳо ҳис накунем.

  • Дар Китоби Муқаддас мисоли бисёр касоне оварда шудааст, ки баъзан ночору ноумед мешуданд. Оё шумо боре ба худ гуфта будед: «Ман дигар наметавонам, тоқатам тоқ шуд»? Пайғамбар Мӯсо, Илёс ва Довуд ҳам суханони ба ин монандро гуфта буданд (4 Мӯсо 11:14; 3 Подшоҳон 19:4; Забур 55:4).

  • Дар Китоби Муқаддас дар бораи зане бо номи Ҳанно навишта шудааст. Ҳанно бефарзанд буд ва дигарон ӯро таъна мезаданд, барои ҳамин ин зани бечора худро зиқу рӯҳафтода ҳис мекард (1 Подшоҳон 1:6, 10).

  • Дар Китоби Муқаддас дар бораи Айюб ном марде гуфта мешавад. Ӯ имони бақувват дошт, лекин як рӯз ҷонаш ба лаб омаду ба Яҳува чунин гуфт: «Аз ҷон безор шудаам, дигар зиндагӣ кардан намехоҳам» (Айюб 7:16).

Одамоне, ки дар боло номбар кардем, бар ҳиссиёти манфии худ дастболо шуданд. Донистани он ки чӣ тавр онҳо тарзи фикрашонро дигар карданд, ба мо қувват мебахшад, ки муборизаро давом диҳем.